ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 18 ҲАЗОР “ХЛОПУШКА” ДАР ДУШАНБЕ (4 АКС)

Маркази матбуоти РВКД Душанбе

Ҳамасола бо фаро расидани Соли нави мелодӣ садои гушхарошу нооромкунандаи маводҳои тарфгарӣ шунида мешавад. Кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати таъмини оромӣ ва бехатарии шаҳрвандон дар остонаи таҷлили Соли нави мелодӣ бо мақсади пешгирии муомилоти маводҳои тарфгарӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
  Аз ҷумла, дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ду нафар барои муомилоти ғайриқонунии маводҳои тарфгарӣ (пиротехникӣ) дастгир карда шуданд. Инҳо шаҳрвандон, Касиров Муҳаммад Неъматович, санаи таваллудаш 01.06.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ноҳияи Сино, маҳаллаи Обчакорон ва Наботов Меҳроб Суҳробович, санаи таваллудаш 09.07.2001, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошанд.


  Баъд аз дастгир гардидан аз номбурдагон дар маҷмуъ 18150-дона маводҳои тарфгарии навъи “Трения” дарёфту мусодира карда шуданд.
  Айни замон нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 199 иловаи яки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот ҷараён дорад.


  Вобаста ба ин, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон, махсусан наврасон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки талаботи қонунгузориро риоя намуда, бо амалу рафтори худ ва истифодаи ғайриқонунии маводҳои тарфгарӣ оромии шаҳрвандонро дар рӯзҳои таҷлили Соли нави мелодӣ халалдор насозанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button