ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

МАВҶИ ЭЪТИРОЗҲО ДАР ХИТОЙ: БА ЗИДДИ КАРАНТИН, ҲИЗБИ КОММУНИСТ ВА ҶИНПИН (ВИДЕО)

Чораҳои шадид барои пешгирӣ аз авҷи нави бемории коронавирус дар Хитой (Чин) мавҷи нави эътирозҳоро ба вуҷуд овардааст. Мақомот ҳар рӯз сабт шудани то 30 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирусро сабаби ба роҳ андохтани чораҳои шадид меноманд, вале ин иқдомот ба сокинон чандон мақбул нест. Онҳо ин чораҳоро хеле сангин, ғайриинсонӣ, ғайриилмӣ ва бенатиҷа номида, даст ба эътирозҳо зада истодаанд.

Эътирозҳо рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта, баъди ба коми оташ фурӯ рафтани як бино дар Урумчӣ – маркази  вилояти мухтори Шинҷон – Уйғур, ки сабабгори марги 10 нафар шуд, оғоз ёфт. Сокинони норозии ин вилоят аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Чин даст ба эътирозоти хиёбонӣ заданд. Эътирозгарон бар онанд, ки маҳдудиятҳои сангин ва қонунҳои ғайриинсонӣ монеае барои хурӯҷи шаҳрвандон аз макони фоҷиа ва вуруди дастаи имдодгарон ба бино шуд. Аммо мақомоти маҳаллӣ ин фарзияро рад ва бо гирдиҳамомадагон бархӯрди бераҳмона мекунанд.

Урумчӣ зиёда аз се моҳ боз дар қарантин қарор дорад. Аҳолии ин шаҳр наздик ба 4 миллион аст.

Эътирозҳои Урумчиро сокинони шаҳрҳои Пекин, Шанхай, Гуанжо,Чэнду ва Вуҳан низ пуштибонӣ карда, ба нишони эътироз ба ҳукумат, аз бархӯрди сангини мақомот ба хиёбонҳо рехтанд. Дар ин шаҳрҳо низ эътирозгарон ба вокуниши сахти нерӯҳои пулис  рӯ ба рӯ шудаанд. Ин бархӯрди пулис бо шаҳрвандони норозӣ маъракаеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Корбарон аз ҳукуматдорон суол мекунад, ки “ҳамаи роҳпаймоиҳо дар шаҳрҳои мухталиф сулҳомез ва бехушунат баргузор мешавад вале, чаро пулис даст ба хушунат ва боздошти бераҳмонаи шаҳрвандони кишвар мезанад?”. 

Пас аз бархӯрди хушунатбор бо эътирозгарон онҳо шиорҳои “Марг бар ҳизби коммунист!” ва “Марг ба Си Чинпин!”-ро сар доданд.

 Аз наворҳои видеоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, дида мешавад, эътирозгарон монеаҳои оҳанинеро, ки барои садди роҳи онҳо гузоштаанд, мешикананд ва хостори қатъи қарантин ҳастанд.

Эътирозҳо дар Чин дар даҳсолаҳои охир хеле кам ба назар мерасад. Ҳизби ҳокими  коммунисти Чин бо сарварии Си Ҷинпин ҳамаи сохторҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматиро дар зери назорати мутлақи худ қарор додааст ва шаҳрвандон  зери сонсури шадид қарор дошта, нишоне аз мухолифин дар ин кишвар  ба назар намерасад.

Чин (Хитой), ки аз кишварҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон ба шумор меравад, бо 1,4 миллиард аҳолиаш пураҳолитарин кишвари дунё ба шумор меравад. Иқтисоди ин кишвар аз лиҳози миқёс баъди иқтисоди Амрико дуюмин иқтисоди бузурги дунё дониста мешавад. То чанд соли пеш дуюмин иқтисоди бузурги дунё иқтисоди Япония буд, вале Чини дар ҳоли рушд тавонист аз лиҳози ҳаҷми иқтисодаш аз Япония пеш гузарад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button