ВидеоҲуқуқи инсон

ГУЗОРИШГАРИ СОЗМОНИ МИЛАЛ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД. МЭРИ ЛОЛОР АЗ САРКӮБИ ЭЪТИРОЗҲО ДАР БАДАХШОН ИНТИҚОД МЕКАРД

Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар масоили ҳомиёни ҳуқуқи инсон аз 28 ноябр то 9 декабр бо мақсади омӯхтани вазъи ҳомиёни ҳуқуқ аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Дар иттилоияи расмӣ гуфта мешавад, ки ин боздид имкон медиҳад, ки вазъи ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон ва мушкилоту чолишҳои асосие, ки ҷомиаи шаҳрвандӣ дар ин кишвар рӯбарӯ шудааст, таҳқиқ ва арзёбӣ шаванд. Мэри Лолор аз вазъи ҷомиаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва саркӯби фаъолон ва эътирозгарон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон башиддат интиқод мекард ва аз мақомоти Тоҷикистон талаб дошт, то ба ҳомиёни ҳуқуқ арҷ гузоранд ва таъқиби онҳоро бас кунанд.

Мэри Лолор қабл аз сафараш ба Тоҷикистон гуфтааст, ки ӯ зимни ин боздид рӯи масоили марбут ба иҷрои талаботи Эъломияи ҳомиёни ҳуқуқ ва дигар санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон, ки Тоҷикистон имзо кардаву барои иҷрои онҳо тааҳҳуд супурдааст, тамаркуз хоҳад кард. Ӯ мусоидат ба муҳайё сохтани шароити мусоид барои ҳомиёни ҳуқуқ барои анҷоми озодонаи фаъолиятҳояшонро аз мақсадҳои асосии худ дар ҷараёни ин сафар номидааст.

 “Ман ҳамчунин чораҳо дар мавриди ҳимояти ҳомиёни ҳуқуқ, аз ҷумла дар қонунгузорӣ а сиёсати кишвар, шароити сабти ном ва идораи созмонҳои ғайридавлатӣ, масоили озодии баён ва гирдиҳамоиҳо ва дастрасӣ ба кумакҳои ҳуқуқиро таҳқиқ хоҳам кард”, – гуфтааст хонум Лолор.

Сафари ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, таъқиботи намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар моҳҳову солҳои охир хеле бештар ва мурооти ҳуқуқи инсон дар ин кишвар баракс хеле камтар шудааст.

Қарор аст, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар ҷамъбасти сафараш нишасти хабарӣ барпо карда, таассуроташ аз сафари Тоҷикистонро ба расонаҳо баён кунад.

Ин нишасти хабарӣ рӯзи ҷумъаи 9 декабр, соати 15:00 дар қароргоҳи Созмони Милал дар шаҳри Душанбе, дар суроғаи: кӯчаи Лоҳутӣ,  5/1 доир мешавад. Ба ин нишасти хабарӣ танҳо ба журналистон иҷозати вуруд дода мешавад.

Гузоришгари вижаи Созмони Милал хулосаҳояш дар бораи вазхи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро моҳи марти соли 2024 ба Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милал ироа хоҳад кард.

Мэри Лолор зодаи Ирландия ва асосгузори Фонди байналмилалии пуштибонӣ аз ҳомиёни ҳуқуқ “Front Line Defenders” ва адъюнкт-профессори риштаи тиҷорат ва ҳуқуқи инсони Тринити-коллеҷи Дублин аст.

Гузоришгарони вижаи Созмони Милал ба таври ихтиёрӣ кор мекунанд ва корманди расмии Созмони Милал ба шумор намераванд. Онҳо барои анҷоми ин масъулият маош намегиранд ва аз ягон созмон ё давлат вобаста нестанд. Вазифаи онҳо ҷамъоварӣ ва ироаи маълумоти муҳим дар бораи вазъ дар ин ё он арса дар кишварҳои мухталифи дунё мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button