ВарзишВидео

ДАВРОН ҶӮРАЕВ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ САНЪАТИ МУҲОРИБАҲОИ ОМЕХТАИ ОСИЁ ТАЪЙИН ШУД

29 октябри соли 2022 дар ҳолдинги варзишии “DOROB” вохӯрии роҳбарон ва аъзои федератсияҳои давлатҳои Осиё баргузор шуд, ки дар рафти он созмони нав – Федератсияи Осиё оид ба санъати муҳорибаҳои омехта (AMMAF) таъсис дода шуд. Дафтари марказии AMMAF дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ҷойгир карда мешавад.

Дар ин бора рӯзи 29 ноябри соли 2022 хадамоти матбуоти Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон (TAJMMAF) хабар дод.

Бино ба иттилои расмӣ, Муҳаммад Қамбар (Баҳрайн) президенти Федератсияи Осиё оид ба Санъати муҳорибаҳои омехта таъин гардид. Ба мансаби ноиби якуми президенти AMMAF чанд номзад пешниҳод гардид. Дар рафти муҳокима ва овоздиҳии умумӣ дар байни аъзои Федератсия президенти TAJMMAF Даврон Ҷӯраев ноиби якуми президенти  Федератсияи Осиё оид ба санъати муҳорибаҳои омехта, таъин гардид.

Ба мақоми дабири кулли АMMAF, Фаррух Халимов (TAJMMAF) таъин карда шуд.

“Бо қарори IMMAF ва федератсияҳои Осиёӣ ба зиммаи мо масъулияти баланд дар ташаккул ва рушди AMMAF вогузор карда шуд. Барои мо саҳм доштан дар таърихи ММА Осиё ва ба дӯш гирифтани масъулияти мизбонии ситоди кулли AMMAF шараф аст. Дар ҳоли ҳозир, мо рӯи самтҳои рушди муҳорибаҳои омехта дар қитъаи Осиё кор карда истодаем. Мехостам ба Федератсияи байналмилалии ММА барои боварӣ изҳори миннатдорӣ намоям”, – изҳор дошт Даврон Ҷӯраев.

Ёдовар мешавем, ки аз 27 то 30 октябр дар шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба ММА баргузор шуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон (TAJMMAF) ҷойи якумро ишғол намуд. Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқот 9 медали тилло, 8 медали нуқра ва 18 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button