ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

АКСУ ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ДАР ДУШАНБЕ ЯК МОШИНИ ТАКСИ АЗ БОЛОИ ПУЛ ЧАППА ШУД

 

Маркази матбуоти милитсияи Душанбе бо нашри чанд акс аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки санаи 28-уми ноябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 13:10 ронандаи автомашинаи тамғаи “Киа Рио”, рақамҳои қайди давлатиаш 7280ТТ05, Ҳалимов Хуршед Идибекович, дар натиҷаи бо суръати баланд дар болои пул ё кӯпруки хиёбони И.Сомонӣ ҳаракат намудан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба панҷараи оҳанини канори чапи роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷа, панҷараи оҳанини канори роҳ шикаста, ба оинаҳои тарафи чапи автобуси мусофирбар, рақамҳои қайди давлатиаш 1251ТТ09, ки бо таги кӯпрук ҳаракат мекард, бархӯрда, ба нақлиёти мазкур зарари техникӣ расонидааст. Хамзамон воситаи нақлиёти тамғаи “Киа Рио” низ аз баландии 6,35 метр бо қисми пеш ба роҳи автомобилгарди кӯчаи Низомии Ганҷавӣ сарозер шудааст.

Дар натиҷаи садамаи мазкур танҳо як мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Киа Рио”, ҷавондухтари 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
  РВКД Душанбе гуфт, оид ба ин садама маводи лозима тартиб дода шуда, санҷиш ҷараён дорад.

Канали parviz.tv аз маҳалли ин садама видео нашр кардааст:

 

 
 
 
 
 

 

 

 

https://www.instagram.com/p/Clf7J-tDzLMSyTsuGdr1dVUFcoDYtUBp-SuDq40/

https://www.facebook.com/permalink.php?story_fbid=pfbid0Gg8221DvjqmWj5uUNZbK8fpVnhputyQ1jSEYA7TV2NzkXBgtaQVFm27btGcKkFS4l&id=100083147627825

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button