ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

2 САДАМАИ МАРГБОР ДАР НОҲИЯИ БАЛХӢ ВА ЛАТТУКӮБИ СОКИНИ НОРАК ДАР БОЗОРИ “САХОВАТ”

Шоми 23 ноябр, соати 19:30, як дучархарони 46-сола дар ҳудуди деҳаи Калинини ноҳияи Ҷ.Балхӣ зери чархи мошини тамғаи “Тойота Камри” ба ҳалокат расидааст.

ххххххххххххххх

Рӯзи 24 ноябр, соати 15:30 дар ҳудуди деҳаи Янгитурмуши ҳамин ноҳияи Ҷ.Балхӣ  бар асари ба “Скутер” бархӯрдани “Ҳюндай-Старекс” ронандаи 72-солаи “Скутер” ба ҳалокат расида, як мусофири 43-солааш ҷароҳат бардоштааст.

хххххххххххххх

Марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки шаби 19 ноябр, соати 00:20 дар бозори “Саховат” марди 54-солаи сокини шаҳри Норак латтукӯб кардааст. Ҷабрдидаро бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ кардаанд.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 25.11. 2022

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ

016

23-юми ноябри соли 2022, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”, Набиев Сиёвуш Неъматович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи мазкур ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди деҳаи Калинини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Ҳусейнов Исмоналӣ Мирзоалиевич, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Ҳусейнов И.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
24-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ҳюндай-Старекс”, Холмуродов Ҷӯра Давлятович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Янгитурмуши ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мототсикли тамғаи “Скутер”, таҳти идораи Раҳматов Кароматулло, соли таваллудаш 1951, сокини ноҳияи Вахш, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, Раҳматов К. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мусофири мототсикли мазкур Раҳматов Ҷӯрабек Кароматуллоевич, соли таваллудаш 1979, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Расонидани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ

001

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 54-солаи сокини шаҳри Норак муроҷиат намудааст, ки шаби 19-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 00.20-дақиқа, ҳангоми дар назди бозори “Саховат”-и пойтахт қарор доштанаш, марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе, бе ягон асос дашномҳои қабеҳ гуфта, ӯро лату кӯб кардааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button