ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЗАНАШРО 2 КОРД ЗАДАНИ СОКИНИ ДЕВАШТИЧ, ҒОРАТГАРӢ ВА ДУЗДИИ 5800 ДОЛЛАР ДАР ДУШАНБЕ

Сокини 34-солаи сокини ноҳияи Деваштич ба он айбдор мешавад, ки рӯзи 23 июн дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ ба қафаси синаи ҳамсари 28-солааш ду корд задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Сабаби танҳо баъди 5 моҳ ошкор шудани ин ҷиноят гуфта нашудааст.

 ххххххххххх

Марди 24-солаи сокини ноҳияи Данғара, марди 28-солаи сокини ноҳияи Панҷ ва марди 32-солаи сокини ноҳияи Ёвон ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 15 ноябр, соати 15, дар ошёнаи 15-уми бинои навбунёд, дар кӯчаи М.Турсунзодаи пойтахт ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Панҷро лату кӯб карда, ошкоро ва бо зӯрӣ ду телефони мобил, ангуштарини нуқра ва 1340 сомониашро кашида гирифтаанд.

хххххххххххххххх

Духтари 17-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони дуздии 5800 доллар аз хонаи як зани 61-солаи сокини пойтахт  гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 24.11. 2022

Содир гардидани ҷинояти ғоратгарӣ аз ҷониби гурӯҳи ашхос

025

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Панҷ муроҷиат намудааст, ки 15-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 15:00, марди 24-солаи сокини ноҳияи Данғара, марди 28-солаи сокини ноҳияи Панҷ ва марди 32-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҳангоми дар ошёнаи 15-уми бинои навбунёд, воқеъ дар кӯчаи М.Турсунзодаи пойтахт қарор доштанаш, ӯро зери лату кӯб қарор дода, бо истифодаи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми Нот 8», 1-адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа», 1-адад ангуштарини нуқрагӣ ва 1340 сомониро бо тариқи ошкоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Қасдан расонидани зарар ба саломатии ҳамсар

002

Нисбати марди 34-солаи сокини ноҳияи Деваштич парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Номбурда, 23-юми июни соли 2022, тахминан соати 12:10-дақиқа, бо ҳамсараш зани 28-солаи сокини ноҳияи мазкур муноқиша намуда, бо мақсади қасдан расонидани зарар ба саломатӣ бо корд ду маротиба ба қафаси синааш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button