ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ПУЛИСИ РУСИЯ СОҲИБКОРИ ТОҶИК ДАВРОН ҲАЙДАРОВРО ҶУСТУҶӮ ДОРАД (АКС)

Шуъбаи пулиси нақлиёти истогоҳи роҳи оҳани Иланская дар кишвари Красноярски Русия соҳибкори тоҷик Ҳайдаров Даврон Саидович, санаи таваллудаш 24 ноябри соли 1983-ро таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст. Эълони ҷустуҷӯи ин соҳибкори тоҷик иттифоқан рӯзи 24 ноябри соли 2022, дар зодрӯи Ҳайдаров Даврон нашр шуд.

Пулис мегӯяд, Даврон Ҳайдаров аз ҷавобгарӣ фирор кардааст. Гуфта мешавад, ки ӯ бар асоси моддаи 226.1 Кодекси ҷиноятии Русия ба қочоқи маҳсулоти сахттаъсир, заҳрдор ё тарканда айбдор мешавад. Пулис дар бораи парвандаи ин соҳибкори тоҷик тафсилоти дигар надодааст ва маълум нест, ки ӯро мушаххасан ба чӣ гунаҳкор мекунанд?

Аломатҳои Даврон Ҳайдаров: зоҳиран 40-сола, қадаш 170 сантиметр, ҷуссаш миёна, мӯяш сиёҳ.

Аз ҳамаи онҳое, ки дар бораи макони будубоши Даврон Ҳайдаров маълумоте доранд, хоҳиш шудааст, ки бо ин рақамҳо ба пулиси нақлиёти истогоҳи Иланская хабар бидиҳанд:

+7-39173-32111, 2-31-96.
Бино ба маълумоти аз манобеи расмӣ дастрасшуда, Ҳайдаров Даврон Саидович муассис ва раҳбари ширкати “Вавилон” буд. Ин ширкат 22 январи соли 2016 дар шаҳри Красноярски Русия сабти ном шуда, дар ҳуҷҷатҳои оинномавиаш дарахтбурӣ, тахтабурӣ ва фурӯши умдаю чаканаи маҳсулоти тахтаро ҳамчун навъҳои асосии фаъолияти худ зикр кардааст.

Бино ба ҳисоботи молиявии ширкат, ҳаҷми гардиши маҳсулоти “Вавилон” дар соли 2016 наздики 15 миллион рубл ва дар соли 2017 наздики 45 миллион рублро ташкил додааст. Дар бораи фаъолияти Даврон Ҳайдаров дар солҳои баъдӣ маълумоте нест. Танҳо нозироти андози байниноҳиявии №8 кишвари Красноярск хабар додааст, ки Ҳайдаров Даврон Саидович “ба сабаби ба поён расидани муҳлати эътибори ҳуҷҷате, ки ҳаққи будубоши муваққат ё доимии ӯ дар қаламрави Федератсияи Русияро тасдиқ мекард, фаъолияти худро қатъ кардааст”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button