ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатҶанг дар Украина

ИСЁНИ НАВБАТӢ ДАР КИШТИИ ОДКБ: САРВАЗИРИ АРМАНИСТОН АЗ ИМЗОИ ДУ САНАДИ ИН СОЗМОН ДАСТ КАШИД (ВИДЕО)

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян  дар нишасти сарони кишварҳои узви созмони Пақмони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ), ки ирӯзи 23 ноябри соли 2022 дар шаҳри Ереван, пойтахти Арманистон доир шуд, аз имзои ду санади ин нишаст: эъломияи ниҳоӣ ва ҳуҷҷат дар бораи чораҳои муштарак барои кумак ба Арманистон даст кашид. Пашинян дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, ки дар ин санадҳо “арзёбии сиёсии равшани вазъ дар марзи Арманистону Озарбойҷон дида намешавад, ки ин метавонад маънои даст кашидани ОДКБ аз иҷрои уҳдадориҳояшро дошта бошад ва аз ҷониби Озарбойҷон ҳамчун чароғи сабз барои ҳамла маънидод шавад”.

Сарвазири Арманистон гуфт, Ереван аз ОДКБ кумаки ҳарбӣ талаб надорад, вале ин созмон бояд аз Озарбойҷон талаб кунад, ки нирӯҳояшро аз қаламрави Арманистон, кишвари узви ОДКБ барорад.  Ӯ афзуд: “Тарҳи эъломияи ОДКБ ва санади чораҳои муштарак барои кумак ба Ҷумҳурии Арманистон ба қадри кофӣ мураттаб нашудаанд ва дар чунин шаклашон, бо ҳама эҳтироме, ки дорам, ман барои имзо кардани ин санадҳо омода нестам”.

Қабл аз нишасти сарони кишварҳо, вазирони хориҷаи ОДКБ дар масъалаи роҳҳои кумак ба Арманистон дар мавриди баҳсҳояш бо Озарбойҷон натавонистанд ба як қарор бирасанд ва қабули қарори ниҳоиро ба раҳбарони аввали кишварҳо вогузор карданд.

Арманистон талаб дорад, ки Озарбойҷон нирӯҳояшро аз ҳудуди Арманистон бароварда, ба мавқеъҳои то снааи 11 майи соли 2021 баргардад.

Пашинян ҳамчунин дар нишасти хоссаи сарони ОДКБ фаъолияти ин созмонро дар умум бо вожаи “фиаско” баҳо дод, ки ба маънои шикасти мутлақ аст.

Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков дар вокуниш ба иқдомҳои эътирозии Ереван гуфт, бо вуҷуди ин ҳама, Арманистон дар ҳайхати ОДКБ мемонад.

Мақомоти Арманистон бар инанд, ки нирӯҳои Озарбойҷон дар ҷараёни муноқишаҳои мусаллаҳонаи моҳи майи соли 2021 ва сентябри соли 2022 як қисми қаламрави Арманистонро ишғол карданд. Боку инро рад мекунад ва мегӯяд, ин қаламравҳои баҳсие дар марзи ду кишвар аст, ки то ҳол таъйин ва аломатгузорӣ нашудаанд.

Пашинян қаблан ба ОДКБ муроҷиат карда, бар асоси моддаи чоруми Ойинномаи ин созмон кумаки ҳарбӣ хост. Тибқи моддаи чорум, дар сурати ҳамла ба як кишвари узви ОДКБ, кишварҳои дигари узви ин паймони ҳарбии таҳти назорати Маскав бояд ба кумакаш бирасанд ва аз таҷовуз ба қаламрави ОДКБ ҷилавгирӣ кунанд.

Вале ин созмон дар посух ба талаби Пашинян танҳо бо “изҳори нигаронӣ” аз афзоиши танишҳо дар марзи Арманистон бо Озарбойҷон иктифо кард. Президенти Беларус Александр Лукашенко бошад бепарда гуфт, ки ОДКБ муносибатҳояшро бо Озарбойҷон вайрон карданӣ нест, чунки дар Боку “одами мутлақо аз худамон” ҳукумат меронад.

Дар ҳамин ҳол, дар Интернет видеои лаҳзаи аксгирии сарони кишварҳои узви ОДКБ дар пайи нишасти Ереван пайдо шудааст, ки дар он дида мешавад, ки сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳангоми аксгирӣ кӯшиш мекунанд, то аз президенти Русия Владимир Путин ҳадалимкон дуртар биистанд. Дар натиҷа дар акси умумӣ дида мешавад, ки Пашинян, ки дар тарафи рости Путин меистод, назар ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар тарафи чапи Путин истода буд, аз президенти Русия хеле дуртар истодааст.

Дмитрий Песков дар посух ба суоли хабарнигорон хабар дод, ки дар нишасти Ереван сарони кишварҳои узви ОДКБ вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро низ баррасӣ кардаанд. Ӯ дар ин бора тафсилоти зиёде надод ва танҳо гуфт, ки дар умум азми сиёсии ОДКБ ба ин аст, ки ҳолатҳои низоъбарангез дар байни кишварҳои узви ин созмонро аз байн баравад.  Песков гуфт, сарони кишварҳо зарурати инро дарк мекунанд, вале ин кори мураккабест.

Моҳи сентябри соли 2022 бар асари даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 140 нафар кушта ва тақрибан 750 тани дигар захмӣ шуданд. Раҳбарони Қирғизистон баъди он ҳаводис аз нотавонии ОДКБ барои ҳимоят аз кишварҳои узваш интиқод карда, машқҳои муштараки ин созмонро, ки  тибқи нақша, мебоист моҳи октябри соли ҷорӣ  дар Қирғизистон баргузор мешуд, бекор карданд.

Ин амалҳои эътирозии Бишкек ва инак Ереванро бисёрии нозирон ҳамчун аломатҳои буҳрони амиқ дар роҳбарии ОДКБ, паймони ҳарбии таҳти назорати Маскав мешуморанд ва онро натиҷаи ба сурати ҷиддӣ заиф шудани мавқеи байналмилалии Русия ва шахсан Путин дар пайи ҷанги моҷароҷӯёнаи Русия ба зидди Украина медонанд. Заиф шудани Русияву Путин ба он овард, ки раҳбарони давлатҳои таҳти нуфузи Маскав нафақат ҳарчӣ бештар саркашӣ нишон медиҳанд, балки ҳатто дар нишастҳои байналмилалӣ Путинро, ба қавли маъруф, дар ҷояш шинонда истодаанд. Як намунаи барҷастаи ин дар суханронии пурэҳсосаш ба сурати барои ҳама ғайриинтизор дар нахустин нишасти сарони Русия ва Осиёи Марказӣ дар Остона дар моҳи октябр Путинро ба чолиш кашидани Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон буд.

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ  23.11.2022

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button