ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

“БАРОИ КОР РАФТА БУД, НА ҶАНГ…” РУСИЯ ҶАСАДИ ЭҲСОН АМИНЗОДАРО БА НАЗДИКОНАШ ДОД

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мақомоти Русия ҷасади шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Эҳсон Аминзодаро, ки ҳамроҳ бо як зодаи дигари Тоҷикистон Меҳроб Раҳмонов ба қатли 11 сарбози рус дар як машқгоҳ дар вилояти бо Украина ҳаммарзи Белгород айбдор мешуд, ба пайвандонаш додаанд. Эҳсон Аминзода ва Меҳроб Раҳмонов рӯзи 15-уми октябри соли 2022 дар ҷараёни тирандозӣ дар машқгоҳи артиши Русия дар вилояти Белгород кушта шуданд.

Ду хешованди Эҳсон Аминзода дар Русия 23-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷасадро ду рӯз пеш гирифтанд ва рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон мефиристанд. Дар деҳаи Заргари ноҳияи Кушониён, зодгоҳи Эҳсон Аминзода, низ тасдиқ кардаанд, ки мунтазири расидани тобут ҳастанд.

Ахиран мақомоти Русия Фирӯз Аминов, бародари Эҳсон Аминзодаро низ боздошт карданд ва ӯ дар боздоштгоҳи Сахарово мунтазири ихроҷ ба Тоҷикистон будааст.

Ба гуфтаи наздиконаш, Эҳсон Аминзода (Эҳсони Тоҷиддин) рӯзи 10-уми октябр дар назди метрои Люблинои Маскав “гум шуд” ва хабари маргаш 16-уми октябр расид. Ба гуфтаи наздиконаш, Эҳсон 7 моҳ қабл ба Русия рафта, дар як тарабхона дар Маскав кор мекард ва ният дошт, кор кунаду бо духтари дӯстдоштааш оила барпо кунад, на инки ба артиш ё ҷанг биравад. Пайвандонаш ҳамин тавр, дар заминаи баҳси мазҳабӣ даст ба куштори ҳамхидматонаш задани Эҳсон Аминзода бовра надоранд. Бародари ӯ Фирӯз Аминов гуфта буд, бародараш чандон диндори сахт набуд. “Вагарна магар дар ресторан кор мекард?” – гуфта буд ӯ.

Рӯзи 15 октябр дар як машқгоҳи артиши Русия дар вилояти Белгород 11 нафар кушта шуданд. Расонаҳои Русия навиштанд, ки гӯё ду зодаи Тоҷикистон дар заминаи баҳси мазҳабӣ аввал як афсарро, ки гӯё Аллоҳро ба масхара кашидааст,  паррондаанд ва сипас болои дигар ҳамхидматони худ тир кушодаанд. Гуфта мешуд, ки ҳарду тирандоз низ дар ҷараёни оташи ҷавобӣ кушта шуданд. Мақомот то кунун расман дар ин бора шарҳе надодаанд, вале расонаҳои Русия аз қавли манобеи худ навиштанд, ки тирандозҳо Эҳсон Аминзода ва Меҳроб Раҳмонов аз Тоҷикистон будаанд.

Дар бораи Меҳроб Раҳмонов маълумоти зиёде то ҳол дастрас нашудааст. Танҳо ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Валентина Чупик навишта буд, ки гӯё Меҳроб Раҳмонов барои қочоқи маводи мухаддир маҳкум шуда, дар як маҳбас дар вилояти Брянски Русия адои ҳукм мекард ва ахиран бо ваъдаи афв ва озодӣ барои хидмат дар артиши Русия ва иштирок дар ҷанги зидди Украина розӣ шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар бораи бо ваъдаи имтиёзҳои зиёд, аз ҷумла озодӣ ба маҳбусон ва шаҳрвандии Русия ба муҳоҷирон, ба ҷанги зидди Украина бурдани садҳо тан аз зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Русия рӯзи 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи ҳимоят аз аҳолии русзабони Донбасс ба Украина ҳамла кард ва дар рӯзҳову ҳафтаҳои аввали ҷанг як қисми қаламрави Украинаро ишғол кард. Вале дар моҳҳои охир нирӯҳои Украина тавонистанд нафақат пеши роҳи пешравии нирӯҳои Русияро бигиранд, балки қариб нисфи қаламравҳои ишғолшуда, аз ҷумла заминҳои ишғолшудаи вилояти Харков ва шаҳри Херсонро баргардонанд.

Аз аввали ин ҷанг дар бораи ҳалокати даҳҳо зодаи Тоҷикистон низ хабарҳо ба даст расиданд. Аксари онҳо дар саффи артиши Русия хидмат мекарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button