ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

МЕХОСТ БА СУРИЯ БИРАВАД… МУРОФИА ВА ҲАБСИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ШАМСИДДИН БУРҲОНЗОДА ДАР ҚАЗОН

Додгоҳи ноҳияи Воҳидови шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия рӯзи 24 ноябри соли 2022 шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон Шамсиддин Бурҳонзодаро, ки дар бозори “Привоз” кор мекард, барои ду моҳ, то 21 январи соли 2023 ба ҳабс гирифт. Хабарнигори нашрияи маҳаллии “Реальное время” аз толори додгоҳ хабар дод, ки ҷавони тоҷикро бо иттиҳоми терроризм боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои нашрия, мурофиа бо иштироки тарҷумон аз забони тоҷикӣ гузашт. Муфаттиши раёсати ФСБ ҷумҳурии Тотористон гуфт, парванда ба зидди муҳоҷири тоҷик рӯзи 21 ноябр боз шуда, ӯро алакай рӯзи 22 ноябр дастгир кардаанд. Худи Шамсиддин Бурҳонзода дар додгоҳ иттиҳоми эълоншударо ба дӯш гирифта, гуфтааст, ки аз соли 2020 дар Русия қарор дорад, вале сабти ном ва ягон кори расмӣ надошт.

Худи Бурҳонзода барои шарҳи парвандааш дастрас нест, вале фарзияи ФСБ гумонҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад.

ФСБ мегӯяд, ки гӯё Шамсиддин Бурҳонзода аз ақидаҳои ифротӣ тарафдорӣ мекард ва мехост ба саффи террористҳо бипайвандад. Бо ин мақсад, бино ба иддаои мақомоти амниятӣ, ӯ аз 1 май то 1 сентябри соли 2022 бо аъзои созмони террористии дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон мамнӯи ДОИШ тамос барқарор карда, дар ҷараёни мукотиба дар шабакаи “Одноклассники” барои сафар ба шаҳри Идлиби Сурия, ки зери назорати ДОИШ қарор дорад, ва барои пайвастан ба саффи ҷангҷӯёни ин созмони террористӣ изҳори хоҳиш ва омодагӣ кардааст. Вале Бурҳонзода ин азми худро то охир амалӣ карда натавонистааст, чунки рӯзи 1 сентябри соли 2022 аз ҷониби пулис барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия дастгир гардида, дар боздоштгоҳи муҳоҷирон ҷой карда шудааст.

Аз маводи парванда бармеояд, ки Бурҳонзодаро рӯзи 22 ноябр дар ҳамин боздоштгоҳи муҳоҷирон дастгир кардаанд, зеро, гуфтааст муфаттиши ФСБ, маҳз ҳангоми дар инҷо қарор доштанаш мақомот дар бораи азми ӯ барои сафар ба Сурия хабардор шудаанд. Намояндаи ФСБ нагуфт, ки ин маълумот чӣ гуна ба дасти онҳо расидааст? Вале ӯ дар мурофиа ҳамчун далел протокол бо гуноҳашро эътироф кардани Бурҳонзода, баёноти ду шоҳид ва ҳамчунин натиҷаҳои рӯбарӯкунии айбдоршаванда бо шоҳидонро пешниҳод кардааст.

Бурҳонзода ва тарҷумонаш дар додгоҳ. Акс аз realnoevremya.ru/Ирина Плотникова

Муфаттиш бар пояи ин далелҳо аз додгоҳ хост, то Бурҳонзодаро то 21 январи соли 2023 ба ҳабси пешакӣ бигиранд. Ӯ таъкид кард, ки омодагӣ ба иштирок дар фаъолиятҳои террористӣ (қисми якуми моддаи 30 ва қисми дуюми моддаи 205.5 Кодекси ҷиноятии Русия) ҷинояти сангин ба шумор меравад ва ҷазояш то 20 соли зиндон аст. Тафтишот бар ин аст, ки Бурҳонзода дар сурати дар озодӣ қарор доштанаш метавонад талошҳои худ барои то охир расондани азмаш, яъне сафар ба Сурияро идома диҳад, далелҳоро аз байн барад ва шариконашро хабардор кунад.

Намояндаи додситонии Тотористон Алберт Бикмуллин ваҷҳҳои овардаи ФСБро қобили дастгирӣ номид ва худи Шамсиддин Бурҳонзода низ гуфтааст, ки бо қарори ҳабсаш розӣ аст. Адвокати аз тарафи давлат таъйиншуда Гулнора Нафиқова  аз додгоҳ хост, ки ба далели то ҳол ягон бор на дар Русия ва на дар ватанаш, Тоҷикистон ҷиноят содир накардани Шамсиддин Бурҳонзода нисбат ба ӯ аз чораи назар ба ҳабси пешакӣ нармтари пешгирӣ кор бигиранд. Вале додгоҳ дар ниҳод аз дархости ФСБ пуштибонӣ кардааст.

Дар солҳои охир садҳо муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла даҳҳо муҳоҷири тоҷик, дар Русия бо иттиҳомоти марбут ба терроризму экстремизм, аз ҷумла бо иттиҳоми азми сафар  ба Сурияву Ироқ ё Афғонистон барои пайвастан ба саффи созмонҳои террористӣ дастгир ва маҳкум ба зиндон шудаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, муҳоҷирони корӣ дар Русия ба далели беҳуқуқӣ ва вазъи риққатбори кору зиндагиашон тӯъмаи осоне барои мубаллиғони ақидаҳои ифротӣ мешаванд. Вале ҳомиёни ҳуқуқ иддаои боздошти садҳо муҳоҷир бо иттиҳомоти терроризму тундгароиро низ зери суол мебаранд ва мегӯянд, мавридҳое фаровоне сабт шудааст, ки мақомоти амниятии Русия барои баланд нишон додани натиҷаҳои муборизаи худ бо терроризму тундгароӣ муҳоҷирони беҳуқуқро бо парвандаҳои бофтаю сохта дастгир ва ба терроризм айбдор кардаанд.

В Казани ФСБ задержала иностранца — кандидата в боевики ИГИЛ*

“Реальное время”

В Казани ФСБ задержала иностранца — кандидата в боевики ИГИЛ*
Фото: realnoevremya.ru/Ирина Плотникова

Накануне (24 ноября 2022 года) Вахитовский райсуд Казани отправил в СИЗО 27-летнего гражданина Таджикистана Шамсидина Бурхонзада, нелегально работавшего на рынке «Привоз». Его задержали по делу о терроризме, сообщает журналист «Реального времени».

Суд проходил с участием переводчика с таджикского. Следователь УФСБ по РТ сообщил: дело возбудили 21 ноября, на следующий день подозреваемого задержали. На допросе уже в ранге обвиняемого иностранец признал вину. А еще рассказал, что в России находится с 2020 года, регистрации и официальной работы не имеет.

По версии ФСБ, придерживаясь радикальных взглядов, Бурхонзада решил вступить в ряды международных террористов, для чего с 1 мая по 1 сентября текущего года установил связь с членами ИГИЛ* и в ходе электронной переписки в «Одноклассниках» выразил желание отправиться в подконтрольный запрещенной организации город Идлиб в Сирии для участия в противоправной деятельности.

Обвиняемый с переводчиком. Фото: Ирина Плотникова

На заседании следователь отметил: обвиняемый с неустановленными лицами прорабатывали маршрут передвижения и условия для достижения цели, в том числе финансовые. «Однако умысел не был доведен до конца, 1 сентября Бурхонзада был задержан полицией за нарушение миграционного законодательства и помещен в Центр временного содержания иностранных граждан», — сообщил представитель УФСБ по РТ.

В центре приезжий из ближнего зарубежья находился вплоть до 22 ноября, и именно в этот период силовики заподозрили, что правонарушитель причастен к преступлению. Каким образом — в суде не прозвучало. Но в качестве доказательств суду представили протокол с признанием самого обвиняемого, показания двух свидетелей и результаты очной ставки.

Следователь просил отправить фигуранта под стражу до 21 января 2023 года. Указывал — приготовление к участию в деятельности террористической организации (ч. 1 ст. 30 ч. 2 ст. 205.5 УК РФ) является особо тяжким преступлением и предусматривает наказание до 20 лет лишения свободы. Высказывал опасения, что на свободе иностранец может продолжить реализацию преступного умысла, предупредить сообщников, уничтожить доказательства.

Представитель прокуратуры РТ Альберт Бикмуллин назвал ходатайство ФСБ обоснованным.

Сам обвиняемый на вопрос судьи Юрия Арсенюка по ходатайству заявил: «Согласен». Адвокат по назначению Гульнара Нафикова просила суд о более мягкой мере пресечения, указывая на отсутствие судимостей подзащитного на родине и в РФ. Суд ходатайство удовлетворил.

*международная террористическая организация решением Верховного суда РФ от 29 декабря 2014 года признана террористической, ее деятельность в России запрещена.
Источник : “Реальное время”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button