Хабарҳои кӯтоҳ

ЁФТ ШУДАНИ ҶАСАДИ МАРДИ ЗОҲИРАН 40-45-СОЛА АЗ КАНАЛИ ҲАЗОРА ДАР КАНОРИ БОЗОРИ “МЕҲРГОН”

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз як канал дар шаҳри Душанбе ҷасади марди ношиносро пайдо кардаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, рӯзи 22 ноябри соли 2022 ба ба қисми навбатдории ин кумитаи навбардори шуъбаи милитсияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе занг зада, хабар додааст, ки дар канали Ҳазора, ки аз канори бозори “Меҳргон” ҷорӣ мешавад, ҷасади як мард намудор шудааст.

Ба ҷои ҳодиса як гуруҳи наҷотбахшон аз раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанберо фиристодаанд. Онҳо аз дохили канал ҷасади як марди зоҳиран 40-45-соларо берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Дар бораи кӣ будани ин шахс ва чӣ гуна дар канали Ҳазора афтодани ҷасадаш маълумоте дода нашудааст. Ин ҳам маълум нест, ки оё ин мард тасодуфан ба оби канал афтода, ғарқ шудааст, ё худкушӣ кардааст?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button