ВарзишВидеоЧеҳраҳо

РОНАЛДО РАСМАН ТАРКИ БОШГОҲИ “МАНЧЕСТЕР ЮНАЙТЕД” КАРД

Ҳамлагари овозадори тими миллии Португалия ва бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” Криштиану Роналдо  расман ин бошгоҳи футболи Англияро тарк кард.

 “Манчестер Юнайтед” рӯзи 22-юми ноябри соли 2022 расман эълон кард, ки “шартнома бо розигии тарафан қатъ шуд” ва Роналдо билофосила тарки ин бошгоҳ мекунад. “Манчестер Юнайтед” аз Роналдо  барои “саҳми беандозааш дар “Олд Трафорд” арзи сипос намудааст. “Олд Трафорд” исми майдонедар шаҳри Манчестер аст, ки “Манчестер Юнайтед” бозиҳояшро дар он доир мекунад. Роналдо дар маҷмӯъ дар ҳайъати “Манчестер Юнайтед” дар 346 бозӣ ба майдон баромада, 145 гол задааст.

Чанд рӯз пеш Роналдо дар як мусоҳибаи пурсарусадо бо Пирс Морган (Piers Morgan) сармураббии “Манчестер” Эрик Тен Ҳагро (Erik ten Hag) зери тозиёнаи танқид қарор дод ва аз муомилаи бади ҳамдастагон ва сармураббӣ бо ӯ хабар дод. Инчунин Роналдо дар ин мусоҳибааш аз ақибмондагии ин бошгоҳ интиқод кард, гуфт, “Реал” ва “Ювентус” як сару гардан аз “Манчестер” баланданд ва сатҳу сифати ин бошгоҳ хеле паст ва кӯҳна шудааст.

Пас аз ин мусоҳиба, расонаҳо навиштанд, ки “Манчестер Юнайтед” қасди шикоят ба додгоҳро дорад ва аз Роналдо хостааст ба пойгоҳи башгоҳ барои тамрин наояд. Ҳоло Роналдо барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар ҳайати тими милии Португалия дар Қатар қарор дорад.

Криштиану Роналдо 37 сол дошта, дар баробари футболбози аргентинӣ Лионел Месси яке аз футболбозони беҳтарин дар футболи муосир ба ҳисоб меравад. Ӯ дар ҳайати “Манчестер Юнайтед” аз соли 2003 то 2009 ва аз соли 2021 то ин дам бозӣ кардааст. Роналдо ҳамчунин чандин сол дар ҳайъати бошгоҳҳои “Спортинг”, “Реал” ва “Ювентус” низ бозӣ кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button