ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ФАВРӢ! 5 ЛИДЕРИ БАДАХШОН, АЗ ҶУМЛА АЁМБЕКОВ ВА ШАНБИЕВ, БА ҲАБСИ УМРБОД МАҲКУМ ШУДАНД

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 22 ноябри соли 2022 5 лидери ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба ҳабси умрбод  ва боз чанд зодаи ин вилоятро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Мақомот дар ин бора ягон иттилои расмӣ надодаанд. Ин хабарро шоми 22 ноябр бо такя ба манобеи худ журналист Aнора Саркорова, ки асосан рӯйдодҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, нашр кард.

Бино ба иттилои Саркорова, Толиб Аёмбеков, Наҷмиддин Шерҷонов, Имумназар Шоиширинов, Мунаввар Шанбиев ва Ниёзшо Гулобов ҳукми абад гирифтаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки додгоҳ бо чӣ ҷурмҳое ба онҳо чунин ҳукм додааст, вале баъди боздошти Аёмбеков, Шанбиев ва Гулобов дар моҳи июн, РВКД вилояти Бадахшон хабар дода буд, ки аз онҳо ва афродашон миқдори зиёди аслиҳа ва тақрибан 200 кило маводи мухаддир пайдо кардаанд.

Гуфта мешуд, ки Толиб Аёмбеков ҳамчун лидери ғайрирасмӣ маҳаллаи Хлебзаводи шаҳри Хоруғ, Мунаввар Шанбиев маҳаллаи Тирчид ва Ниёзшо Гулобов маҳаллаи Бисмичро назорат мекарданд. Имумназар Шоиширинов лидери ғайрирасмии маҳаллаи Гулакен ба шумор мерафт. Ҳамаи онҳо рӯзи 11 июни соли ҷорӣ, дар ҷараёни амалиёти вижа барои боздошти лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон дастгир шуданд.

Бино ба иттилои Анора Саркорова, Ҳамза Муродов, ронандаи собиқи Толиб Аёмбеков ва ду бародараш: Оқил ва Аноятшо Аёмбековҳо ҳарсе ба 30 соли зиндон ва ҷияни лидери ғайрирасмии “Хлебзавод” Мамадамон Аёмбеков ба 10 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Оқил Аёмбеков ва Ҳамза Муродов аз соли 2012 дар маҳбас қарор доранд. Дар соли 2013 онҳоро бо ҷурми куштани генерал Абдулло Назаров мутаносибан ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум карда буданд. Акнун ба ҳукми Оқил Аёмбеков боз 13 сол ва ба ҳукми Ҳамза Муродов 14 соли дигар илова карданд.

Бино ба иттилои Саркорова, тафтишот ва мурофиаи додгоҳии ин зодагони Бадахшон ба сурати баста ва бидуни ҳузури адвокат сурат гирифтааст. “Маҳкумшудагон дар ҳеҷ кадом аз иттиҳомоти ба зиддашон эълоншуда худро гунаҳкор эътироф накарданд”, – менависад Анора Саркорова. l

Ёдовар мешавем, моҳи августи соли 2022 додгоҳи вилояти Бадахшон ду писари Толиб Аёмбековро низ маҳкум ба зиндон карда буд: Ғуломалӣ Абдураҳмонов  ба ҳабси умрбод ва Ҳасаналӣ Абдураҳмонов ба 12 соли зиндон маҳкум шуданд. Ғуломалӣ Абдураҳмонов, ки 32 сол дорад, бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла ба куштори генерал Абдулло Назаров дар соли 2012, авбошӣ, ҳифзи силоҳ ва қочоқи сангҳои қиматбаҳо гунаҳкор дониста шуд. Бародари 25-солаи ӯ Ҳасаналӣ Абдураҳмоновро додгоҳ бот ҷурми авбошӣ ва ҳифзи ғайриқонунии силоҳ равонаи зиндон кард. Фарзандони Толиб Аёмбеков 23 июл аз ҷониби кормандони КДАМ дастгир шуданд ва Ҳасаналӣ алакай баъди як ҳафтаи боздошташ ва Ғуломалӣ баъди ду ҳафтаи ҳабс муҳокима ва маҳкум ба зиндон шуданд.

Генерал Абдулло Назаров, сардори вақти раёсати вилоятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 17 июли соли 2012 дар канори Хоруғ кушта шуд. Маҳз куштани ӯ сабаби нахустин амалиёти ҳарбӣ дар Хоруғ шуд, ки 24 июли соли 2012 бо талаби ба мақомот супурдани афроди гунаҳкор дар қатли Абдулло Назаров оғоз ёфта, аз  ҳарду тараф даҳҳо кушта ба ҷо гузошт. Дар натиҷаи музокирот Толиб Аёмбеков он вақт бародараш Оқил Аёмбеков ва ронандааш Ҳамза Муродовро ба мақомот супурд ва онҳоро баъдан бо ҷурми даст доштан дар қатли генерал Назаров мутаносибан ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум карданд. Чанде пеш дар як хабари туфайлие дар бораи вазъи маҳбусон ин иттилоъ рӯ зад, ки Оқил Аёмбеков дар маҳбаси навбунёд дар канори шаҳри Ваҳдат адои ҳукм мекунад.

Моҳи майи соли 2022 мақомот бо истифода аз нирӯ мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшонро саркӯб карданд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо беш аз 40 нафар, аз ҷумла се лидери ғайрирасмии ин минтақа (Мамадбоқир Мамадбоқиров, Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов) кушта шуда, ҳудуди 200 каси дигар, аз ҷумла 9 лидери боқимондаи Бадахшон дастгир шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button