ВидеоИқтисод

НАРХИ ГАЗУ БЕНЗИН ДАР ТОҶИКИСТОН ХЕЛЕ АРЗОНТАР ШУДААСТ

Дар Тоҷикистон нархи гази моеъ ва бензин дар муқоиса бо аввали моҳи ноябр хеле арзонтар шудааст. Танҳо дар чанд рӯзи охир нархи гази моеъ дар шаҳри Хуҷанд ҳудуди 70 дирам, ё беш аз 10 фоиз арзонтар шудааст. Вале нархи сӯзишвории дизелӣ (солярка), ки дар фасли сармо эҳтиёҷ ба он хеле бештар мешавад, бидуни тағйир – 12 сомонию 50 дирам барои як литр боқӣ мондааст.

Бино ба иттилои хабаргузории “Суғднюс”, рӯзи 21 ноябри соли 2022 дар нуқтаҳои сӯхтфурӯшии шаҳри Хуҷанд  як литри гази моеъ бо нархи 5,90-6,00 сомонӣ фурӯхта мешуд. Дар аввалҳо ва миёнаҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ як литри ин навъи сӯзишворӣ 6,60-6,70 сомонӣ ва дар поёни соли гузашта 7,40 сомонӣ нарх дошт.

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Хуҷанд нархи бензин ҳам рӯ ба поён овардааст. Як литри бензини тамғаи АИ92 ҳоло 8,40 сомонӣ фурӯхта мешавад.Дар миёнаи моҳи ноябр нархи ин навъи бензин 8,90 сомонӣ буд. Бензини навъи АИ95, ки чанде пеш 9,6 сомонӣ фурӯхта мешуд, ҳоло бо қимаӣти 8,80 сомонӣ барои як литр ба фурӯш гузошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Азия Плюс” хабар медиҳад, ки нархи гази моеъ баъди  башиддат боло рафтанаш дар аввали моҳи ҷорӣ, ҳоло дар дигар гӯшаҳои Тоҷикистон низ рӯ ба поён овардааст. Бино ба иттилои ин хабаргузорӣ, ҳоло нархи ин навъи сӯзишворӣ дар Душанбе 6,20-6,40 сомонист. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳафтае пеш як литри гази моеъ дар пойтахти Тоҷикистон 6,8 сомонӣ арзиш дошт. “Азия Плюс” меафзояд, ки дар бархе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (водии Ҳисор) ҳоло як литри гази моеъро метавон бо нархи 6,10 сомонӣ ҳам пайдо кард.

Дар яке аз нуқтаҳои сӯхтфурӯшии Хуҷанд ба “Суғднюс” дар шарҳи сабабҳои пойин рафтани нархи мавроди сӯхт  гуфтаанд, ки ҳоло дар Тоҷикистон афзоиши воридоти он ба мушоҳида мерасад.

Ин хабаргузорӣ ёдовар шудааст, ки дар аввали моҳи ноябр нархи гази моеъ дар Хуҷанд якбора боло рафт ва ба 6,60 – 6,70 сомонӣ расид. Он вақт ҳамчунин дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт камбуди гази моеъ ба чашм мерасид.

Бино ба бароварди Агентии омори Тоҷикистон, дар 9 моҳи аввали соли 2022 нархи гази моеъ дар ҷумҳурӣ ба сурати умум 15,8% арзонтар шудааст. Нархи миёнаи як литри гази моеъ дар моҳи декабри соли 2021 дар Тоҷикистон 7,4 сомониро ташкил медод.

Тоҷикистон гази моеъро пурра аз хориҷ ворид мекунад. Тақрибан 90% аз ҳаҷми умумии гази моеъ аз Қазоқистон ва боқимандааш аз Ӯзбекистону Русия оварда мешавад. Ҳар моҳ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна то 35 ҳазор тонна гази моеъро истифода мекунанд. Ба ҳисоби Азия Плюс, дар ҳоли ҳозир аз се ду ҳиссаи воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон бо гази моеъ кор мекунанд, ки хароҷоташ нисбат ба бензину солярка нисбатан арзонтар аст.

Коршиносон мегӯянд, боло ё пойин рафтани нархи гази моеъ ва дигар навъҳои сӯзишворӣ ба болову пойин рафтани нархи дигар маҳсулоти хӯрокворӣ низ таъсир мерасонад. Вале сокинон мегӯянд, дар ҳоле ки ронандагону тоҷирон ҳар дафъа баробари боло рафтани нархи маводи сӯхт нархи хадамоту маҳсулоти худро хеле зуду бо шитоб боло мебаранд, ҳангоми пойин рафтани нархи сӯзишворӣ дар арзонтар кардани нархи худ чандон шитоб намекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button