ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МУНОҚИШАИ ХУНИНИ ДУ ҲАМСОЯ ДАР РӮДАКӢ ВА ДУЗДИИ МОШИНИ “ЖИГУЛИ” ДАР ДУШАНБЕ

Ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ шаби 20 ноябр, тахминан соати 19:40,  дар назди хонаашон ҳамсояи 27-солаашро лату кӯб намуда, ба шикамаш як корд задааст. Ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
хххххххххххххххх

Ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ба он гумонбар мешавад, ки соати яки шаби 20 ноябр аз назди хонаи як сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мошини “ВАЗ-2110”-и ӯро, ки дар назди хонааш меистод, “ғайриқонунӣ ҳай карда, бурдааст”.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 22.11. 2022

Расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатии ҳамсоя

001

Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ муайян намуданд, ки 20-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 19:40-дақиқа, ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамсояаш марди 27-соларо дар назди ҳавлии истиқоматиашон бе ягон асос лату кӯб намуда, бо корди ошхонагии дар дасташ буда, 1 маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт аз назди хона

008

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 49-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 20-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 01:00, шахси номаълум автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2110”-ро, ки дар назди хонааш меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда, ба самти номаълум бурдааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button