ВидеоМуҳоҷирон

ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ СЕ ҲАМСОЯАШРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОД (2 АКС)

Як муҳоҷири тоҷик субҳи барвақти 22 ноябри соли 2022 дар деҳаи Мисерово дар канори шаҳри Клини вилояти Маскав се ҳамсояаш: зану шавҳар ва як тифли сесоларо дар пайи дар хонаи ин ҳамсояҳо таркидани балони газ аз марг наҷот додааст.

Додситонии вилояти Маскав  дар Телеграм-каналаш хабар дод, ки соати қариб панҷи субҳи 20 ноябр дар Мисерово ба сабаби беэҳтиётӣ ҳангоми истифодаи балони газ ин балон таркидааст ва як духтарчаи сесола бо падару модараш  ҷароҳат бардоштаанд. Ҳарсеро дар бемористон бистарӣ кардаанд ва додситонии шаҳри Клин ба таҳқиқи ин ҳодиса пардохтааст.

Додситонӣ тафсилоти аз ин бештар надодааст, вале нашрияи “МК”, чопи Маскав, хабар додааст, ки ҷабрдидаҳоро ҳамсояашон, як мардикор аз Тоҷикистон, ки дар ҳавлии ҳамсоя дар битовка (вагон) шабро рӯз мекард, наҷот додааст.

“Ҷабрдидаҳо ҳаракат карда наметавонистанд. Ҳамсояи ҷасурашон худаш онҳоро аз хона берун бароварда, то роҳ бурд. Агар ин коргари тоҷик намешуд, ҷабрдидаҳо шояд то омадани мошини “Ёрии таъҷилӣ” зинда намемонданд”, – нвиштааст “МК”.

Бино ба иттилои “МК”, дар ин ҳодиса як марди 28-сола ва як зани 25-сола осеб дидаанд, ки аз аввали соли ҷорӣ зиндагии муштарак доштанд. Ин ҷуфт ҳамроҳи духтарчаи сесолаи зан дар дача, ё бӯстонсарои волидони зан ба сар мебурданд. Вақте ки фасли сармо расид, онҳо ба манзили волидони зан кӯчиданд, вале зиндагӣ дар зери як бом бо волидони зан ба онҳо хуш наомадааст ва ҳарду зуд зуд ба бӯстонсаро бармегаштанд. Домод ҳамроҳи падарарӯсаш дар инҷо худашон шабакаи гармидиҳӣ сохтаанд, ки бо балони газ кор мекард. Вале зоҳиран ҳангоми насби балон ба чӣ иштибоҳе роҳ додаанд, ки субҳи барвақти 22 ноябр балон таркида, пораҳояш ҳатто шифти қабати якуми биноро зада, шикофтааст.

Садои таркишро муҳоҷири тоҷик, ки дар ҳавлии ҳамсоя дар вагони битовка зиндагӣ мекард, шунида, билофосила ба ҷои ҳодиса омадааст. Ба гуфтаи ин муҳоҷири тоҷик, ҷабрдидаҳо: мардум зан ва кӯдак аз ҷо ҷунбида наметавонистанд ва сару рӯяш аз дуд сип-сиёҳ шуда, рӯи зан хуншор шуда буд. Муҳоҷири тоҷик ба хадамоти сӯхторнишонӣ ва “Ёрии таъҷилӣ” занг зада, ҷабрдидаҳоро аз хона баровардааст ва ба мошини худаш савор карда, то сари роҳ бурдааст. Дар инҷо ҷабрдидаҳоро ба мошини “Ёрии таъҷилӣ” бор  карда, ба бемористон бурдаанд.

Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳангоми сӯхтор ва дигар офатҳо корнамоӣ нишон дода, сокинони маҳаллиро наҷот медиҳанд.

Шаҳри Клин дар вилояти Маскав, дар байни пойтахти Русия ва шаҳри Твер: дар тақрибан 90-километрии шимолуғарби Маскав ва 80-километрии ҷанубушарқи Твер ҷойгир шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button