ВидеоНомаҳо ба президентТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ФОТИМА ҲАСАНОВА: МАРО ИШТИБОҲИ ТАБИБОН БА ИН ҲОЛ РАСОНД… (ВИДЕО)

Фотима Хасанова, сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Ваҳдат, ки 49 сол дорад, дар як муроҷиатномаи видеоӣ аз роҳбарони Тоҷикистон  ва аз мардуми дастбахайр барои табобаташ кумак хостааст.

Фотима Ҳасанова мегӯяд,  ки дар вайташ табибон ба ӯ ташхиси нодуруст доданд ва дар натиҷа бемориаш чунон кӯҳна шудааст, ки бояд дар хориҷи кишвар ҳароммағзашро аз қисмати ҷарроҳӣ кунад. Ӯ менависад, барои анҷоми ин ҷарроҳӣ ҳамроҳ бо роҳпулӣ ба 145 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан 14 ҳазор доллар ниёз дорад, ки тавони пардохташро надорад. Ӯ аз мақомот хостааст, табибонеро, ки ӯро табобати нодуруст карданд ва ба чунин ҳол оварданд, ҷарима банданд, то аз ин ҳисоб пули ҷарроҳиаш ҷамъ шавад. Фотима Ҳасанова ҳамзамон дидаи умед ба мардуми дастбахайр дӯхтааст ва мутмаин аст, ки мардум барои ҷамъ овардани пули табобаташ кумаки худро дареғ намедоранд.

Рақами телефон барои маълумоти бештар:  +992 000 10 92 11

Рақами корташ дар Душанбе Сити низ ба ҳамин рақам пайваст аст: 000109211

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button