Тиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ИМСОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН 1850 ҲОЛАТИ СИРОЯТИ БЕМОРИИ ЗАРДПАРВИН СAБТ ШУДААСТ

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши мавридҳои гирифтории сокинони ҷумҳурӣ ба бемории сироятии зардпарвин (гепатити А, ё бемории Боткин) изҳори нигаронӣ мекунанд. Бино ба омори расмии вазорати тандурустии Тоҷикистон, тайи 9 моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 1850 ҳолати гирифтории сокинон ба бемори сироятии зардпарвин сабт шудааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 251 маврид ё қариб 16 фоиз бештар мебошад. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 дар Тоҷикистон 1599 ҳолати сирояти бемории гепатити А, ё бемории Боткин сабт шуда буд.

Ин беморӣ асосан дар фасли тирамоҳ ба сабаби риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ ва тозагӣ хуруҷ мекунад ва бештар дар байни наврасон мушоҳида мешавад. Зардпарвин ба хусус ба ҷигари инсон зарба мезанад ва дар сурати сари вақт табобат накардан ва риоя накардани парҳез метавонад ҳатто сабаби марги бемор шавад.

АЗ ЗАРДПАРВИН ЭҲТИЁТ КУНЕД! То моҳи октябр дар Тоҷикистон 1850 нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд

ДУШАНБЕ, 19.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. То аввали моҳи октябр дар мамлакат 1850 нафар ба бемории зардпарвин гирифтор шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 251 нафар зиёд мебошад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» Сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров.

Ба иттилои манбаъ, бемории зардпарвин аслан дар фасли тирамоҳ хурӯҷ карда, сабаби асосии афзоиши он- зиёдшавии вирусҳои барангезанда мебошад. Дар илми тиб зардпарвинро гепатит низ ном мебаранд. Он вирусе мебошад, ки дар таркиби хун нашъунамо менамояд.

Ба гуфти Наврӯз Ҷаъфаров, соли равон гирифтории наврасони 18-сола ба ин беморӣ 94 фоизро ташкил медиҳад. Соли гузашта низ нишондиҳанда чунин буд.

Тавре табиби сироятшинос Шуҳрат Ҳабибулоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, гирифторӣ ба ин беморӣ миёни наврасон бештар аст. Зеро онҳо гигиенаи шахсиро хуб риоя намекунанд.

Шуҳрат Ҳабибулоев иброз намуд, ки нишонаҳои аввалини ин беморӣ камқувватӣ, беҳолӣ, нотобӣ, зуд хасташавӣ, пастшавии иштиҳо ва эҳсоси дилбеҳузурӣ мебошанд. Вақте ин нишонаҳо дар нафари бемор мушоҳида шуданд, бояд зуд ба табиб муроҷиат намуд. Агар ин нишонаҳоро инсон нодида гирад, сипас нишонаҳои дигар: ҳисси вазнинӣ дар паҳлӯи рости зери қабурға, баландшавии ранги пешоб аз осеб ёфтани ҷигар дарак дода, инчунин дар пардаи чашм, пардаи луобии ком ва зери забон аён шуда, сипас дар пӯст зоҳир мешаванд. Дар натиҷаҳои ташхиси махсуси озмоишгоҳӣ (дар хун пайдо кардани моддаҳои бегона нисбат ба вируси гепатити А, С, D, Е, антигенҳои вируси гепатити В) ва моддаҳои бегонаи ба онҳо дахлдор мушоҳида мешаванд.

Худи зардпарвин ҳолати хатарнок нест, балки нишонаи беморӣ ё бемории вазнинтар аст. Бемории зардпарвинро вобаста ба сабаб ва тарзи пайдоиш ба се навъ ҷудо мекунанд. Инҳо зардпарвини ҷигар (паренхимӣ), зардпарвини механикӣ ва зардпарвини гемолизӣ (хунобӣ) мебошанд. Зардпарвини ҷигар дар натиҷаи осеби ҳуҷайраҳои ҷигар ба амал омада, дар он раванди ҳосилшуда ва ба рӯда гузаштани билурубин халал меёбад.

Ба гуфтаи табиб, гепатити А давраи бемории аз 15 то 30 рӯзро дар бар мегирад. Давраи то зардшавӣ асосан 5-7 рӯз давом мекунад. Ҳарорати бадан то дараҷаи 38-39 дараҷа баланд шуда, то 1-3 рӯз боқӣ мемонад. Дарди сар, бемадорӣ, эҳсоси хастагӣ, табларза, хоби нороҳати шабона нишонаҳои ин беморӣ мебошанд. Ҳамчунин ҳисси талхӣ дар даҳон пайдо шуда, баъзан қайкунӣ, ҳиссиёти вазнинӣ пайдо мешавад. Ранги пешоб пас аз 2-4 рӯз тағйир меёбад. Дар ин ҳолат ранги пешоб зардчатоби баланд шуда, наҷосат беранг мешавад. Гепатити Е мисли гепатити А ҷараён мегирад. Агар ба он занони ҳомила гирифтор шаванд, оқибати хеле вазнин дорад. Дар ин ҳолат зан бояд ҳомиладории худро ҳатман қатъ намояд, чунки тифли батнаш низ аз ин беморӣ сироят мешавад.

Агар зардпарвини вирусӣ бошад, он бемориест, ки тавассути об интиқол меёбад, шахс гирифтори дарунравӣ ва дигар оризаҳо мешавад. Роҳи асосии пешгирӣ кардани ин бемориҳо – риоя кардани ҳолати гигенӣ ва санитарист. Волидайн бояд ба кӯдакон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Тез-тез бо собун дастҳояшонро шустушӯ кунанд. Хӯрокро хуб пазанд.

Меваҷот, аз ҷумла тарбуз, сабзавот, маҳсулоти ширӣ барои зардпарвин дармони хубанд. Инҳо иштиҳоро афзуда, хусусияти пешоброниро зиёд мекунанд. Обҷӯш ё чойи мӯяки ҷуворимакка низ ба рафъи варами ҷигар даво аст. Хӯрдани шарбати сабзӣ, обҷӯши пудинаю асал бо барги гули қоқу низ чунин фоида меоранд.

Ин беморӣ, ки аз таъсири вирус пайдо шудааст, барои атрофиён манбаи сироят мебошад. Аз ин рӯ, шахси бемор ҳатман бояд макони зисти худро аз атрофиён ҷудо намуда, бистарӣ кунонида шавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button