Иқтисод

ДАР ДУШАНБЕ БОЗ ДУ ЭСТАКАДАИ НАВИ СЕҚАБАТА МЕСОЗАНД

Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе хабари сохтмони эстакадаи нав дар майдони «Бофанда»-и пойтахтро тасдиқ карда, гуфтааст, дар ҳоли ҳозир, ин лоиҳа ва манбаъҳои маблағгузории он таҳти баррасӣ қарор доранд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар сурати бунёди ин эстакада, ё чорроҳаи сеқабата бинои раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва ҳайкали тонки Артиши Шӯравӣ аз ин минтақа бардошта мешаванд ва ҳайкали тонкро шояд ба Боғи Ғалаба интиқол бидиҳанд.

Дар Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе ба хабаргузории “Ховар” гуфтаанд: «Бунёди эстакадаи мазкур барои бартараф намудани танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо, инчунин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани роҳҳои пойтахт мусоидат мекунад».

Бино ба иттилои ин идора, дар рафти бозсозии эстакадаи мазкур купруки роҳи оҳани назди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» низ навсозӣ мегардад. Ҳамчунин, бунёди боз як  эстакадаи сесатҳа дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ дар мавзеи назди чорроҳаи Сирки Тоҷик н низ дар назар дошта шуда, дар доираи он навсозии роҳҳо аз буриши хиёбони С. Шерозӣ то буриши кӯчаи Қаҳҳоров пешбинӣ карда мешавад.

То имрӯз дар шаҳри Душанбе ду эстакадаи сеқабата: яке дар маҳаллаи Қарияи Боло ва дуюмӣ дар маҳаллаи 82-юм мавриди истифода қарор дода шудаанд. Бо бунёди боз ду эстакадаи нав дар ҳудуди пойтахт шумораи онҳо ба чор хоҳад расид.

Қаблан “Ховар” бо такя ба муовини сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Шодимурод Аловуддинов иттилоъ дода буд, ки то соли 2025 дар Душанбе бунёди 10 эстакада ва дар умум, дар чорчӯби амалӣ сохтани Нақшаи генералии пойтахт сохтани 20 чорроҳаи сесатҳа дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button