ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

БЕ ЯГОН ИНТРИГА: НАХУСТИН ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚАЗОҚИСТОН БАЪДИ “ЯНВАРИ ХУНИН”

Рӯзи 20 ноябри соли 2022 дар Қазоқистон  интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ оғоз ёфт. Ин ҳафтумин интихоботи президент дар таърихи Қазоқистон ва дуюмин интихобот бо иштироки раисиҷумҳури кунунӣ Қосим -Жомарт Тоқаев аст. Бино ба интизори ҳамагон, интихоботи пеш аз муҳлати президенти Қазоқистон ба эҳтимоли ғолиб бо пирӯзии бечунучарои Тоқаев ба анҷом мерасанд, зеро 5 рақиби дар баробари ӯ сабтиномшуда нафарони барои ҷомиа ноошноянд ва таҷрибаи чандоне дар арсаи сиёсии Қазоқистон ҳам надоранд. Коршиносон мегӯянд, эҳтимоли ин ки касе аз рақибони сабтиномшудаи Тоқаев битавонад бо ӯ рақобат кунад, хеле ночиз аст ва онҳо танҳо ба хотири риояи расмият ва алтернативӣ вонамуд кардани ин маърака номзадиашонро ба президентӣ пешбарӣ кардаанд.

Тоқаев 69 сол дошта, аз соли 2019, баъди онки Нурсултон Назарбоев баъди 30 соли раҳбарӣ тарки мақом кард, бо пешниҳоди Назарбоев ба мақоми президентӣ расид. Замони кунунии раёсати ӯ соли 2024 ба охир мерасид, вале акнун Тоқаев метавонад бо пирӯзӣ дар интихоботи кунунӣ замони раёсаташро якбора барои 7 сол: то поёни соли 2029 тамдид кунад.

Жигули Дайрабаев 67 сол дошта, раиси Иттиҳоди фермерҳои Қазоқистон ва узви ҳизби “Авул” аст ва ягон бор ба ягон мақоми баланди сиёсӣ пешбарӣ нашудааст.

Нурлан Ауесбаев (Авазбоев) аз Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократ иқтисоддон молики ду ширкати муҳофизатист, вале на тоҷири калон буд ва на сиёсатмадори маъруф.

Майрам Кажикен,  доктори илмҳои иқтисод, ки аз ҷониби иттифоқҳои касабаи “Амонат” пешбарӣ шудааст, роҳбари Пажуҳишгоҳи таҳқиқи ҷомиаи муосир ва ташаббускори таъсиси ҳизби нави Yntymaq (Интимоқ) аст.

Дар байни номзадҳои сабтиномшуда ду зан низ ҳаст. Салтанат Турсинбекова, ки аз номи созмони мавсум ба “Модарони қазоқ” ба интихобот меравад, беш аз 30 сол дар мақомоти давлатӣ кор карда, то ба мақоми муовини раиси Комиссияи миллӣ дар умури занон ва сиёсати оилаву демография расидааст.

Вакили собиқи маслиҳати шаҳри Остона ва роҳбари Пажуҳишгоҳи занонаи масоили тарбияи фарҳангиву маънавӣ бо номи “Қазақ қызы” (“Духтарони қазоқ”) Каракат Абден аз номи Эътилофи кормандони иҷтимоӣ пешбарӣ шудааст.

Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон хабар дод, ки барои таъмини иштироки мардум дар интихобот беш аз 10 ҳазор қитъаи овоздиҳӣ, аз ҷумла 68 қитъаи овоздиҳӣ дар 53 кишвари хориҷӣ, ташкил шудааст.  Шумораи интихобкунандагон 12 миллион нафар гуфта мешавад. Комиссияи марказии интихобот гуфт, то соати 12 ба вақти Остона алакай 38,5% шаҳрвандони соҳиби ҳаққи овоздиҳӣ дар интихобот овози худро доданд.

Ҳамаи 6 номзад дар пойтахт, шаҳри Остона овоз доданд. Жигули Дайрабоев ҳамроҳи наберааш ба овоздиҳӣ омад ва дар қитъаи №396 овоз дод. Нурлан Авазбоев дар қитхаи №198, Салатан Турсунбекова дар қитхаи 107 ва Каракат Абден дар қитхаи №135 овоз доданд.

Тоқаев бошад дар  Қасри мактабиёни ба номи Форобӣ овоз дод ва баъди ин ба чанд суоли хабарнигорон посух дод. Ӯ гуфт, баъди интихоботи президент интихоботи пеш аз муҳлати парлумон низ баргузор мешаванд ва ӯ дар бораи санаи дақиқи интихоботи вакилон дар поёни сол хабар хоҳад дод. Тоқаев тавре суҳбат мекард, ки алакай интихоботро бурдааст. “Ҳукумат ба кори худ идома хоҳад дод, вале бархе тағйирот дар ҳайъати роҳбарии ҳукумат ва дигар ниҳодҳо, албатта, сурат мегиранд”,  — гуфт Тоқаев.

Дар пешорӯи интихобот дар Қазоқистон даҳҳо тан аз фаъолон асосан бо ҷурми иштирок дар тазоҳуроти бидуни иҷозат дастгир  ва бархеаш маҳкум ба ҳабси маъмурӣ шуданд. Кумитаи амнияти миллӣ  бо нашри як видео аз боздошти 7 нафаре хабар дод, ки ба гуфтаи мақомот, гӯё ба Мухтор Аблязов, бонкдори фирории қазоқ ва мунтақиди ҳукумати ин кишвар таваҷҷуҳ дошта, мехостанд бо мақсади ба ҳам задани оромӣ ба идораҳои давлатӣ ҳамла кунанд. Аблязов ин  видеоро “саҳнасозӣ” ва “амалиёти вижа”и Кумитаи амнияти миллиро кӯшиши беобрӯ кардани фаъолони мухолифин номид.

Интихоботи пеш аз муҳлати президенти Қазоқистон 10 моҳ пас аз эътирозҳои моҳи январ аст, ки бо 238 куштааш хунинтарин эътироз дар таърихи навини ин кишвар дониста мешавад. Тоқаев барои саркӯби эътирозгарон ҳатто нирӯҳоро аз ОДКБ даъват кард ва баъди ҳодисаҳои моҳи январ тавонист мавқеи худро мустаҳкамтар карда, нуфузи президенти қаблӣ Нурсултон Назарбоев ва атрофиёни ӯро хеле коҳиш диҳад. Тоқаев дар ин роҳ бисёре аз афроди наздики Назарбоев, бо шумули хешу табори ӯро аз мансабҳои давлатӣ ронд ва чандеро ба зиндон ҳам андохт.

Қабл аз интихоботи кунунӣ Тоқаев иштирокдорони эътирозҳои моҳи январро афв кард.

Тоқаев чандин бор гуфт, ки ҳадаф аз ташкили он эътирозҳо табаддуллоти давлатӣ ва сарнагун кардани ҳукумати ӯ буд. Ӯ дар ин робита номи касеро наовард, вале алакай дар ҳамон рӯзҳои эътирозҳо Карим Масимов, сарвазири собиқ ва раиси Кумитаи амнияти миллӣ бо муовинонаш ба ҳабс гирифта шуданд. Масимов, ки яке аз афроди хеле наздик ва содиқ ба Назарбоев шумурда мешуд, бо ҷамъи муовинонаш ба хиёнат ва кӯшиши ғасби ҳукумат ҳам айбдор мешаванд.

Интихоботи пеш аз муҳлати президенти Қазоқистон дар як шароити хеле мураккаби геополитикӣ доир мешаванд. Ҳукумати Тоқаев ҷанги Русия ба зидди Украинро маҳкум накард, вале чандин бор гуфт, ки аз якпорчагии Украина пуштибонӣ мекунад ва истиқлолияти ба номи “ҷумҳурии мардумиии Донетск” ва “ҷумҳурии мардумии Луҳанск”ро эътироф нахоҳад кард. Ин баёнияҳои Тоқаев Путинро хеле асабӣ ҳам карда буд.

6 интихоботи қаблии президентӣ дар Қазоқистон солҳои 1991, 1999, 2005, 2011, 2015 ва 2019 баргузор шуданд. Аз ин шумор 4 интихоботаш пеш аз муҳлат буд. Дар 5 интихоботи аввал Назарбоев баранда эълон шуд ва дар умум 30 сол бар Қазоқистон ҳукм ронд. Дар интихоботи соли 2019 Тоқаевро, ки аз сӯи Назарбоев ҳимоят мешуд, баранда эълон карданд. То кунун нозирони ғарбӣ ягон интихоботи Қазоқистонро озоду одилона ва ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалии интихоботҳои демократӣ эътироф накарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button