ВидеоИқтисод

“ХАЛИҚ БОНК” БАХШИ ТОҶИКИАШРО МЕФУРӮШАД ВА ТАРКИ ТОҶИКИСТОН МЕКУНАД

Бонки бузургтарини Қазоқистон “Халиқ Бонк” (“Бонки халқии амонатгузории “Қазоқистон”, “Народный Сберегательный Банк Казахстана”) 18 ноябри соли 2022 эълон кард, ки баъди 3 соли фаъолияташ дар бозори бонкии Тоҷикистон тамоми 100 фоиз саҳмияҳои бахши тоҷикиаш “Халиқ Бонк Тоҷикистон”-ро ба «Бонки байналмилалии Тоҷикистон” мефурӯшад ва бо ҳамин тарки ин кишар мекунад. “Халиқ Бонк” дар заминаи бонки шӯравии “Сбербанк” (“Амонатбанк”) таъсис ёфта,  бо қариб 10 триллион танга (ҳудуди 2,2 миллиард доллар) пасандозҳои дар ин бонк гузоштаи муштариёнаш бузургтарин ниҳоди молиявии Қазоқистон дониста мешавад. Ин бонк гуфт, тарафҳо нақша доранд, ки алакай моҳи декабри ҳамин соли 2022 қарордоди ба “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” фурӯхтани бахши тоҷики “Халиқ Бонк”-ро пурра амалӣ бисозанд.

 “Ҷамъияти саҳомии “Бонки халқии амонатгузории Қазоқистон эълон мекунад, ки бо ҷамъияти пӯшидаи саҳомии “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” дар мавриди фурӯши 100% саҳмияҳои “Халиқ Бонк Тоҷикистон”  тавофуқ ба даст омад. “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ризоияти лозими тамоми ниҳодҳои танзимкунандаро ба даст овардааст. Интизор меравад, ки ин қарордод моҳи декабри соли 2022 ниҳоӣ шавад”, -гуфта мешавад дар иттилоияи расмии хадамоти матбуоти «Халиқ Бонк».

Бонки қазоқӣ ҳамчунин муштариёни худро дар ҷараён гузошт, ки дар ҷараёни бастани ин муомила ва анҷоми ин раванд бонк ҳамчунин ба сурати маъмул ба фаъолияти худ идома дода, ба муштариёнаш тамоми хадамоти лозимро ироа хоҳад кард.

Саҳомдорони асосии Бонки халқии сармоягузории Қазоқистон  Тимур ва Динора Қулибоевҳо, домод ва духтари президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мебошанд. Ин бонк дар саросари Қазоқистон 577 шуъба дошта, ҳамчунин дар русия, Гурҷистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон фаъолият дорад. “Халиқ Бонк Тоҷикистон” соли 2019 иҷозаи фаъолият дар бозори бонкии Тоҷикистонро ба даст оварда буд.

“Бонки байналмилалии Тоҷикистон” соли 2016 дар заминаи ташкилоти хурди депозитии “Стандарт ва Молия” таъсис ёфта, 9 шуъба ва 12 маркази хидматрасонии бонкӣ дорад. Ин бонк бо беш аз 400 корманд ба муштариёнаш хадамоте, чун гирифтани қарз, амонатгузорӣ, истифодаи ҳамёни электрони ва дигар хадамоти бонкдории телефонӣ IBT24 ва истифодаи кортҳои бонкии дохиливу байналмилалиро пешниҳод мекунад. Пасандозҳои муштариёни ин бонк дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ (моҳи сентябри соли 2022) беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ, ё тақрибан 120 миллион долларо ташкил додааст.

Дар бораи моликон ва саҳомдорони асосии “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” маълумоти дақиқе дастрас нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button