ВидеоТаърихТоҷикистон

БОЗДОШТИ СОКИНИ ПАНҶ БО ЛАҚАБИ “КИЛЛЕР” БАРОИ ҚАТЛИ АЛИМАРДОНИ “ШРАМ” (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар як шумораи вижаи барномаи телевизионии “Ахбори ВКД”, ки ба Рӯзи милитсия бахшида шуда буд, бархе дастовардҳои муҳими ин вазорат дар як соли ахирро баршумурда, аз ҷумла аз боздошти як қотили касбӣ бо лақаби “Киллер” хабар дод.

Ҳусейнов Ҳандулло Абдуллоевич, соли таваллудаш 1975, сокини деҳаи Навободи ҷамоати Меҳвари ноҳияи Панҷ,  размандаи собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин, баъди  беш аз 20 соли фирор ва дар кофтукови расмӣ қарор доштанаш, бо иттиҳоми даст доштан дар куштори дастикам се нафар, аз ҷумла як корманди милитсия дастгир шудааст.

ВКД гуфт, Ҳандулло Ҳусейнов дар Афғонистон дар тамрингоҳҳои ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) тамрин гирифта, соли 1995 ба Тоҷикистон омадааст ва дар ҳудуди ноҳияи Тавилдара (ҳоло Сангвор), ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ як ҷабҳаи асосии ҷанги байни нирӯҳои ҳукумат бо мухолифин буд, посгоҳ ташкил кардааст.

Худи Ҳандулло Ҳусейнов дар ин гузориш мегӯяд: “(Дар Афғонистон) дуоямон доданд ва гуфтанд, ки ба Тавилдара ба ҷанги зидди ҳукумати Тоҷикистон меравед”.

Масъулони ҲНИТ узви ин ҳизб будани Ҳандулло Ҳусейновро рад мекунанд ва мегӯянд, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар саффи нирӯҳои мухолифин ҳазорон нафар меҷангиданд, вале на ҳамаи онҳо узви ҳизби наҳзат буданд. Дар ҲНИТ ҳамчунин ёдовар шуданд, ки бар асоси созишномаи сулҳ, ҳамаи ҷанговарони Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин афв шуда буданд, вале баъдан бисёрии онҳоро бо баҳонаҳои гуногун дастгиру зиндонӣ карданд ё ба ҳалокат расонданд.

Вале парвандаи Ҳандулло Ҳусейнов барои одамкушиҳоест, ки ӯ алакай баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ анҷом додааст.

Назари худи ӯ ва наздиконаш ба ин иттиҳомот дастрас нест, вале ВКД мегӯяд, ки Ҳандулло Ҳусейнов баъди ҷанг барои гуруҳҳои қочоқбари маводи мухаддир ба ҳайси қотили фармоишӣ хидмат мекард ва барои бераҳмиаш дар одамкушӣ лақаби “Киллер”  гирифта буд.

Аз ҷумла гуруҳҳои қочоқбар, ба гуфтаи ВКД, аз корманди бахши мубориза бо маводи мухаддири шуъбаи милитсияи ноҳияи Панҷ лейтенанти калон Алимардон Миров, ки ба фаъолияти онҳо мамониат мекард, ба танг омада, ба Ҳандулло Ҳусейнов куштани ӯро фармоиш додаанд. Миров ба сабаби осори захм дар баданаш бо лақаби “Алимардони “Шрам” машҳур будааст.

Ҳандулло Ҳусейнов дар гузориши нашршуда нақл кард, ки Мировро чӣ хел куштанд: “Бегоҳӣ омадам, автоматро гирифтаму рафтам.  Ду рӯз аз пасаш назорра кардам ва рӯзи сеюм Алимардони “Шрам”-ро дар назди даромадгоҳи хонааш 20 тирро дар танааш задам…”

ВКД мегӯяд, маҳз баъди куштани Алимардон Миров дар моҳи майи соли 1999 Ҳандулло Ҳусейно дар байни гуруҳҳои нашъаҷаллоб бо лақаби “Киллер” ном баровард.

Ҳусейновро ҳамон вақт барои даст доштан дар қатли афсари милитсия дастгир карданд, вале бино ба фарзияи ВКД, гуруҳҳои қочоқбар тавонистанд, ки ӯро дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ, ё “девонахона”, воқеъ дар шаҳраки Кӯктоши ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) бистарӣ карда, аз ҷавобгарӣ озод кунанд.

“Ягон як моҳ дар тавқифгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа будам. Аз онҷо маро ба СИЗО Қӯрғонтеппа бурданд. Дар онҷо чизе навиштанд, ки маро аз онҷо ба девонахонаи ноҳияи Ленин бурданд”, нақл мекунад худи Ҳандулло Ҳусейнов.

Ҳандулло Ҳусейнов баъди раҳоияш аз ҷавобгарӣ барои куштори афсари милитсия ба Русия рафт ва ба гуфтаи ВКД, дар шаҳри Маскав ба ду тан аз саркардагони гуруҳҳои нашъаҷаллоб аз ноҳияи Панҷ Бураков Рохман Шарипович,  санаи таваллудаш 18 январи соли 1962 ва Раҳимов Манзаршо Зуҳурович, санаи таваллудаш 12 январи соли 1971 хидмат мекард. “Киллер” дар Маскав муҳофизи Рохман буд, вале, меафзояд ВКД, дар онҷо бар сари шеваи тақсими ноодилонаи даромадҳо аз фурӯши маводи мухаддир гапи байни наркобаронҳо гурехт ва Ҳандулло Ҳусейнов ҳам Рохман ва ҳам Манзаршоро аз таппонча парронд. Ҳандулло Ҳусейнов соли 2005 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дастгир ва барои ин ду куштор ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Баъди адои ҳукм ӯро аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Ҳандулло Ҳусейнов баробари расиданаш ба Тоҷикистон дигарбора дастгир шуд. Дар инҷо ба ӯ то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button