АфғонистонТоҷикистон

ТОҶИКИСТОН ТОЛИБОНРО БА ШИКОРИ САРОСАРИИ ТОҶИКҲОИ АФҒОНИСТОН АЙБДОР КАРД

Вафо Ниятбекзода, сардори раёсати таҳқиқоти стратегии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 16 ноябри соли 2022 дар нишасти машваратии бахшида ба вазъи Афғонистон дар пойтахти Русия (“формати Маскав”) пиромуни поймол шудани ҳуқуқи тоҷикҳои Афғонистон дар аҳди режими нави Толибон изҳори нигарон кард. Дипломати тоҷик гуфт, баъди дар Афғонистон ба қудрат расидани ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон дар он кишвар шикори саросарии тоҷикҳо шурӯх шуда, тоҷикҳои Афғонистонро дар Панҷшеру Кобул ва дигар вилоятҳои шимол бо баҳонаи ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мекушанд. Ниятбекзода ҳамчунин таъкид кард, ки ҳукумати фарогир бо ҷалби намояндагони тамоми гуруҳҳои қавмию сиёсӣ дар Афғонистон то ҳол ташкил нашудааст.

“Мо пиромуни шикори саросарии тоҷикҳо, ки ба сурати аз ҳама барҷаста дар вилояти Панҷшер, дар пойтахт, шаҳри Кобул ва як қатор аз вилоятшои шимоли Афғонистон ба мушоҳида мерасанд, борҳо изҳори ташвиш кардаем. Ҳар рӯз (дар Афғонистон) бо баҳонаи ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон қатлҳо сурат мегиранд”, – изҳор дошт намояндаи Тоҷикистон ва афзуд, ки Тоҷикистон “қатъиян мухолифи поймол кардани ҳуқуқи гуруҳҳои мухталифи қавмӣ дар Афғонистон, ҳуқуқи занон, ҳарбиёни собиқи Урдуи давлатӣ ва намояндагони фарҳанг мебошад”.

Вафо Ниятбекзода ҳамчунин хабар дод, ки дар айни замон, Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон барои расондани кумакҳои башарӣ дасти ёрии худро дареғ намедорад. Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла тавассути 6 пули дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон сохташуда маоди хӯрока ба манотиқи дурдасту душворгузари Афғонистон расонда мешавад.

Нишасти  порсолаи “формати Маскав” бо иштироки як ҳайъати баландпояи Толибон ба раҳбарии муовини сарвазири ҳукумати ташкилкардаи онҳо Абдусалом Ҳанафӣ доир шуд, вале имсол Толибон ба нишасти Маскав ҳайъати худро нафиристод. Кишварҳои дигар низ дар нишасти имсола дар сатҳи намояндагони вижаашон дар умури Афғонистон иштирок карданд.

Дар ҳоле ки бархе кишварҳо, аз ҷумла Хитой ва Ӯзбекистону Қазоқистон аз ҷомиаи байналмилалӣ хостанд, ки мақомоти нави Афғонистонро аз ҳоли инзивоъ берун оварда, дастрасии онҳо ба захираҳои молиявии он кишварро иҷозат бидиҳанд, кишварҳои дигар, аз ҷумла Эрон ва Тоҷикистон дигарбора ба ташкили ҳукумати фарогир бо ҷалби намояндагони тамоми гуруҳҳои қавмию сиёсӣ дар Афғонистон даъват карданд.

Ҷангҷӯёни Толибон моҳи августи соли 2021 дар пешорӯи хуруҷи охирин нирӯҳои эътилофи байналмилалии таҳти фармони Амрико ва НАТО дар байни ҳамагӣ чанд рӯз ва тақрибан бидуни кадом муқовимати ҷиддӣ аз ҷониби нирӯҳои қаблӣ тавонистанд қаламрави Афғонистонро қариб ба пуррагӣ зери назорати худ дароварда, режими қаблии худро бо номи “Аморати исломии Афғонистон” барқарор кунанд. То ҳол режими нави Толибон эътирофи байналмилалӣ ба даст наовардааст.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои ангуштшуморест, ки аз аввал нисбат ба режими нави Толибон мавқеи тунд гирифт ва ташкили ҳукумати фарогир бо ҷалби намояндагони ҳамаи гуруҳҳои сиёсӣ ва қавмӣ, ба хусус тоҷикҳои Афғонистонро шарти асосӣ барои ҳамкорӣ ва шинохти онҳо номид. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, тоҷикҳо 46 фоизи аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд ва бояд дар ҳар ҳукумат дар он кишвар ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Тоҷикистон ҳамин тавр, ба сурати ошкор аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари шуҳратёри Эътилофи шимол,  эътилофи якуми зидди Толибон, пуштибонӣ мекунад. Толибон дар посух таҳдид мекунанд, ки метавонанд дар Афғонистон барои мухолифини мусаллаҳи ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла барои ҷангҷӯёни ҷамоати Ансоруллоҳ, ки чандин сол дар канори толибҳо меҷангиданд, пойгоҳ бидиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button