ВидеоҶомеа

СОКИНИ НОҲИЯИ ПАНҶ БАРОИ КУШТАНИ ПАДАРАШ БА 20 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи вилояти Хатлон сокини 37-солаи ноҳияи Панҷ Муҳаммадҷон Исанқуловро бо ҷурми бо як бераҳмии махсус куштани падари солхӯрдааш Аваз Бӯстонов ба 20 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.  Исанқулов дар он гунаҳкор дониста шуд, ки рӯзи 7 июни соли 2022 дар ҳолати мастӣ  падарашро бо болға зада-зада куштааст. Ҳукми Исанқулов 16 сентябри соли 2022 содир шудааст, вале маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 17 ноябр бархе тафсилоти қатли падар аз дасти фарзандашро нашр кард.

Бино ба иттилои додситонӣ, Исанқулов Муҳаммадҷон Авазович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон,  санаи 7 июни соли 2022, як шишаи нӯшокии спиртии арақи тамғаи «Тоҷикистон-Гость»-ро харидорӣ намуда, онро дар хонаи истиқоматиашон, воқеъ дар ноҳияи Панҷ, ҳамроҳи падараш Бӯстонов Аваз истеъмол намудааст.

Додситонӣ идомаи ин айшу нӯшро, ки ба куштор анҷомид, чунин тасвир мекунад: “Бӯстонов А. аз нӯшидани машруботи спиртӣ, дар ҳолати мастӣ қарор гирифта, дар хусуси рафта, аз хонаи падарарӯси Исанқулов М.А. ба хонаашон овардани ҳамсару фарзандонаш, сӯҳбат намудааст. Дар ин замина байни Исанқулов М.А. ва Бӯстонов А., баҳс ва муноқиша ба миён меояд. Исанқулов М.А., бо мақсади ғараз қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани Бустонов А. бо болғаи дар дасташ буда, ба узвҳои ҳаётан муҳим,  яъне ба cap ва рӯйи падараш якчанд маротиба задааст, ки дар натиҷа Бӯстонов А., дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.

Худи Муҳаммадҷон Исанқулов ваё адвокаташ барои шарҳи ин қазия дастрас нестанд.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштори хешовандони наздик, аз ҷумла падару модарон аз ҷониби фарзандони онҳо хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Ин дар ҳолест, ки дар байни мардуми тоҷик эҳтироми падару модар арҷи вижае мегузоранд ва ҳатто сухани баланд задан нисбат ба волидон ё даст бардоштан ба тарафи онҳоро сахт маҳкум мекунанд.

Ҷомиашиносон афзоиши чунин ҷиноятҳои сангин, ба мисли қатли падару модарро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро сабаби чунин тамоюл меноманд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button