ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ ДУ МОШИН ВА ДУЗДИИ 70 ҲАЗОР ВА ҶАВОҲИРОТ АЗ ЯК ХОНА ДАР ДУШАНБЕ

Марди 31-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки моҳи апрел бо роҳи фиреб аз як сокини Душанбе 150 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки барояш ду мошини “Тойота Камри” ва “Мерседес” медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
хххххххххххххххх

Марди 28-солаи сокини Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 15 ноябр, тахминан соати 10:00, аз хонаи як зани 49-солаи сокини пойтахт 70 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро  ба маблағи боз 15 ҳазор сомонии дигар дуздидааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 17.11. 2022

Ошкор шудани қаллобӣ вобаста ба воситаҳои нақлиёт

28

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2022, марди 31-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 150 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш 1-адад автомашинаи тамғаи «Тойота Камри» ва 1-адад автомашинаи «Мерседес-Бенс» гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дуздии маблағ аз манзили истиқоматӣ

74a44dcac53dc9d507d7c9d549fbebb0

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 15-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 10:00, бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 49-солаи сокини пойтахт даромада, аз он ҷо 70 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 85 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button