ВидеоМуҳоҷирон

ИХРОҶИ 24 МУҲОҶИРИ ӮЗБЕКУ ТОҶИК ВА ЯК ДОНИШҶӮИ АФРИҚОӢ АЗ ВИЛОЯТИ КАЛУГА

Идораи приставҳои вилояти Калугаи Русия рӯзи 17 ноябри соли 2022 хабар дод, ки боз 25 муҳоҷири ғайриқонуниро аз қаламрави ин вилоят а Русия ихроҷ кардаанд. 14 нафари онҳо аз Ӯзбекистон, 10 нафар аз Тоҷикистон будаанд. Ҳамин тавр, аз Русия  ба далели тамом шудани муҳлати визааш донишҷӯеро берун кардаанд, ки аз кишвари африқоии Мавритания барои таҳсил омада буд.

 Бино ба итттилоияи нашршуда ин ҷавони мавритании соли таваллудаш 2003 моҳи октябр аз ҷониби кормандони пулис вақте дастгир карда шуд, ки савори як мошин сафар дошт. Маълум шуд, ки муҳлати визаи ин ҷавон, ки барои таҳсил ба Русия омада буд, тамом шудааст. Дар додгоҳ шаҳрванди Мавритания иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русияро эътироф кард. Додгоҳ ӯро ҷарима баста, ҳукми ихроҷаш аз Русияро баровард.

14 муҳоҷири ӯзбек ва 10 зодаи Тоҷикистон бошад ба далели вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират ваё бидуни патент кор кардан маҳкум ба ихроҷ шудаанд.

Идораи приставҳои вилояти Калуга гуфт, ҳамаи ин 25 нафарро приставҳо ба фурудгоҳҳо оварда, ба кишварҳои зодгоҳашон фиристодаанд. Аммо агар 24 муҳоҷири ӯзбеку тоҷикро рост ба пойтахтҳои кишварҳои зодгоҳашон, яъне ба Тошканду Душанбе фиристода бошанд, донишҷӯи мавританӣ барои расидан то Ватанаш бояд роҳи тӯлониеро тай кунад. Барои ӯ ба парвози Маскав – Истанбул – Нуакшот чипта гирифтаанд.

Ҳамаи ин 25 нафар барои 5 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, губернатори ҳозираи вилояти Калуга Владислав Шапша бо сиёсати ошкоро зидди муҳоҷирон ном баровардааст. Дар давраи раҳбарии ӯ мақомоти вилояти Калуга муҳоҷиронро ҳатто барои қонуншиканиҳои хурду реза дастгир ва ихроҷ мекунанд.

Солҳои пеш ихроҷи муҳоҷирон ҳатто барои қонуншиканиҳои хурду резае, чун вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ё насупурдани пули барқу телефон хеле зиёд шуда, шумори танҳо шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шуда буданд, аз 300 ҳазор нафар гузашта буд. Солҳои охир ин тамоюл рӯ ба коҳиш овард, вале боз ҳам ҳар сол даҳҳо ҳазор муҳоҷирро аз Русия берун мекунанд.

Барои кишварҳое, чун Тоҷикистон, ки манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳояшон пули аз Русия фиристодаи азизони муҳоҷири онҳост, аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудани ҳар муҳоҷир ба маънои аз як манбаи асосии даромадаш маҳрум шудани дастикам як хонавода аст.

Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон асосан бо шарофати муҳоҷирон 2,5 миллиард доллар пул фиристода буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button