ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БО 2 МОШИНИ БОРКАШ, ҒОРАТИ ҶАВОНИ РАШТӢ ДАР ПОЙТАХТ ВА ДУЗДИИ 39 ҲАЗОРУ 600 СОМОНӢ ДАР ДӮСТӢ (СОБИҚ ҚУМСАНГИР)

Сокини 36-солаи шаҳри Турсунзода ба он гумонбар мешавад, ки аз ду сокини ноҳияи Рӯдакӣ мошинҳои боркаши “Скания” ва КАМАЗ, арзишашон 170 ҳазор ва 75 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол пулашонро надодааст.

хххххххххххх

Ҷавони 21-солаи сокини пойтахт ба он айбдор мешавад, ки соати сеюними шаби 4 ноябр бо зӯрӣ 2700 сомонӣ пули як сокини 24-солаи ноҳияи Раштро кашида гирифтааст.

хххххххххххх

Сокини 31-солаи ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Қумсангир) ба он гумонбар мешавад, ки шаби 12 ноябр, тахминан соати 21:00, аз хонаи як сокини ин ноҳия 39 ҳазору 600 сомониро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 15 ноябри соли 2022

Ба даст овардани мошинҳои гаронарзиш бо роҳи қаллобӣ

01

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 40-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 22-юми сентябри соли 2022, марди 36-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ автомашинаи боркаши калони тамғаи «Скания»-ро бо нимядакаш (притсеп), ки арзишашон 170 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, нархгузорӣ намуда, гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ маблағҳояшро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамзамон, гумонбаршуда бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ба эътимоди марди 59-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ автомашинаи боркаши тамғаи «Камаз»-ро ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, автомашинаи мазкурро дар шаҳри Турсунзода ҳамчун оҳангпора фурӯхта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.
Оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.

Бо роҳи зӯроварӣ аз худ намудани маблағ

019.jpg

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Рашт муроҷиат намудааст, ки 4-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 03:30-дақиқа, ҷавони 21-солаи сокини пойтахт бо тариқи зӯроварӣ аз ҷайби шимаш 2 ҳазору 700 сомониро тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Нисбат ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Дуздӣ аз дохили манзили истиқоматӣ

vor-0504

Ба ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ бо ариза марди 47-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 12-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 21:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 39 ҳазору 600 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 31-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button