ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АЗ 16 ТО 18 НОЯБР ДАР ҚАТОРКӮҲҲОИ ҲИСОР ФУРӮРЕЗИИ ТАРМАҲО ПЕШБИНӢ МЕШАВАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  ба самъи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи пешбинии ҳавошиносон, аз 176 то 18 ноябри соли 2022 дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор  фаромадани тармаҳо пешбинӣ карда мешаванд. Ин офатҳои табиӣ метавонанд равуои нақлиётро дар роҳҳои ин минтақа, аз ҷумла дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ гирифтори мушкилот кунанд.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳама хостааст, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои бидуни зарурати оҷилашон бо роҳҳои кӯҳистонро ҳаддалимкон маҳдуд карда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамховарии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистонӣ худдор кунанд. Аз сокинон ҳамчунин хоста мешавад, ки зимни истифодаи таҷҳизоти гармидиҳанда ва бухориҳо (печкаҳо) меъёрҳои бехатарии зидди сӯхторро қатъиян риоя кунанд.

Кумита гуфт, барои таъмини амнияти ронандагон дар роҳҳои зимистона ва расонидани кумаки оҷил дар ҳолатҳои фавқулодда дар чанд қитъаи шоҳроҳи Душанбе – Айнӣ- Хуҷанд аз ҳисрби наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда посгоҳҳои сайёр ташкил карда шудаанд. Бар илова,  роҳҳои дигари кӯҳистонии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда якҷо бо намояндагони вазоратҳои нақлиёт ва корҳои дохилӣ дидбонӣ карда мешаванд. Кумита гуфт, ин чораҳо дар давраҳои ба иллати сардиву барфрезӣ боло рафтани хатари пеш омадани ҳолатҳои фавқулодда дар роҳҳо андешида мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button