РОНАНДАИ “МАРШРУТКА” БАРОИ РАФТОРИ ДАҒАЛ НИСБАТ БА МУСОФИР ҶАЗО ДОДА ШУД
Дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон боз як ронандаи мошини мусофиркашро барои муносибати дағалона нисбат ба як ҷавонзани мусофир ҷазо додаанд.
Раёсати ВКД дар ш. Душанбе рӯзи 13 ноябри соли 2022 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки як ҷавонзани сокини пойтахт ба миқомоти милитсияи шаҳр дар он хусус муроҷиат намудааст, ки нисбат ба ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Спринтер”, рақами қайди давлатиаш Т2156G02 чораҳои қонунӣ андешанд, зеро ба гуфтаи ин зан, ронандаи “Спринтер” санаи 10-уми ноябри соли ҷорӣ ҳангоми хизматрасонии мусофиркашонӣ нисбат ба ҷавонзани муроҷиаткунанда дағалона рафтор намуда, ӯро аз мошинаш фаровардааст.
Милитсияи Душанбе гуфт, “дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки ронандаи нақлиёти мазкур шаҳрванд Халилов Амриддин Тоҷиддинович, санаи таваллудаш 13.06.1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ,ноҳияи Шоҳмансур мебошад, ки дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд”.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Амриддин Халилов протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ӯро ҷарима бастаанд.
Тафсилоти дигари қазия ва назари ронанда дастрас нест.
Солҳои охир дар Душанбе бо мақсади боло бурдани сифати хидматрасонӣ ба мардум даҳҳо ронандаи мошинҳои мусофиркаш, асосан ронандагони мошинҳои такси, маршруткаҳо ва автобусҳоро ба далели рафтори дағал нисбат ба мусофирон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашондаанд.