ВидеоҶомеа

НАҚШАИ ДАЪВАТ БА САФФИ АРТИШИ ТОҶИКИСТОН 81,4% ИҶРО ШУДААСТ

Бино ба иттилои вазорати мудофиаи Тоҷикистон, нақшаи ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ то 10 октябри соли 2022 алакай 81,4% иҷро шудааст. То 1 ноябр, яъне дар моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ, нақша 70% иҷро шуда буд. Лозим ба зикр аст, ки дар муқоиса бо дафъаҳои қаблӣ дар ҷараёни ин даъвати тирамоҳӣ шикоятҳои ҷиддӣ аз “облава”, яъне зӯран дар кӯчаву бозорҳо доштану ба артиш бурдани ҷавонони синну соли даъватӣ тақрибан ба гӯш намерасанд.

Полковник  Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти вазорати мудофиаи ҶТ ба хабаргузории “Авесто”  хабар дод, ки нақшаи даъват ба артиш то 10 ноябр дар вилояти Суғд 70%,  дар вилояти Хатлон –  79%, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (водиҳои Рашту Ҳисор) – 93% ва дар шаҳри  Душанбе 95% иҷро шудааст.

“Комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон алакай дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ, 1 октябр аз иҷрои нақша ҳисобот доданд”, – ёдовар шудааст Фаридун Маҳмадализода

Даъвати тирамоҳӣ ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1 октябр оғоз ёфт ва то 30 ноябр давом мекунад. Ба хидмати ҳарбӣ шаҳрвандони Тоҷикистон, соли таваллудашон 1995-2004 даъват карда мешаванд.

Додситонии кулли Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки шумораи шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, сол то сол кам шуда, сафи шаҳрвандоне, ки хоҳиши ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтан доранд, баракс торафт зиёд мешавад.

Ба иттилои ин идора, танҳо дар моҳи аввали даъвати тирамоҳии кунунӣ фарзандони 124 мансабдори давлатӣ ба хидмати ҳарбӣ рафтаанд. Додситонӣ зикр кард, ки аз ҷумла фарзандони раисони шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Тоҷикобод, Рашт, Бохтар, сардори шуъбаи муҳосибот ва молияи додситонии кулли Тоҷикистон, фарзандони додситонҳои ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Мӯъминобод ва писари додситони ҳарбии гарнизони Кӯлоб ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта фарзандони мансабдорони тоҷик бо истифода аз нуфузи волидонаш ба ҳар роҳе аз хидмати артиш худро халос мекарданд ва ба ин далел, артиши Тоҷикистонро бо танз “артиши камбағалон” ва “артиши коргару деҳқон” низ ном мебурданд.

Додситонӣ аммо нагуфтааст, ки оё фарзандони ин мансабдорон дар ҳамин мавсими тирамоҳӣ ба хидмат рафтанд ё қаблан? Қаблан гузориш шуда буд, ки писари раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода соли 2021 бо ихтиёри худ ба хидмати ҳарбӣ рафтааст.

Қабл аз шурӯи мавсими тирамоҳии даъват ба артиш вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал Шералӣ Мирзо аз комиссарҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо талаб карда буд, ки пеш аз ҳама, фарзандони мансабдорони давлатиро ба артиш сафарбар кунанд.

Додситонии кул дар иттилоияаш гуфт: “Ба саффи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷалб намудани фарзандони шахсони мансабдор низ рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст. Комиссияҳои даъватӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2021 аз оилаҳои мансабдорон ва дигар кормандону хизматчиёни давлатӣ 299 нафар ва баҳории соли ҷорӣ 120 нафарро ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардаанд, ки 19 нафари он фарзандони кормандони прокуратура мебошанд. Аз даъвати тирамоҳии соли ҷорӣ бошад, ба ҳолати 30 октябр аз оилаҳои мансабдорон ва дигар кормандону хизматчиёни давлатӣ 124 нафар даъват ва ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шуда, кор дар ин самт идома дорад. Масалан, фарзандони раисони шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Тоҷикобод, Рашт, Бохтар, сардори шуъбаи муҳосибот ва молияи Прокуратураи генералӣ, прокуророни ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Муъминобод, ва прокурори ҳарбии гарнизони шаҳри Кӯлоб ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд. Чунин тарзи кор дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ ҷой доранд”.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад. Ба хидмати ҳарбӣ ба муҳлати ду сол ҷавонони аз 18 то 27сола даъват карда мешаванд.

Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирад.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава”-шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз роҳбарони Тоҷикистон чандин бор даъват карда буданд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.

Соли 2021 ба қонунгузории Тоҷикистон тағйироте ворид карда шуд, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, бо пардохти маблағи муодили 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (барои соли 2022 ин маблағ 26 ҳазору 880 сомониро ташкил медиҳад) ҳамагӣ як моҳ хидмат карда, аз хидмати ҳарбии дусола озод шаванд.  Мақомот бар ин боваранд, ки ин дасти фасодро дар арсаи даъват ба артиш хеле кӯтоҳтар карда, имкон медиҳад, ки маблағҳои аз ин ҳисоб бадастомада барои беҳтар кардани шароити хидмати аскарони боқимонда сарф карда шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button