ВидеоҶомеа

ҲУКМИ ЗИНДОНИ КЕЛИН БАРОИ ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ ХУШДОМАН ВА ДУЗДИИ КУРТАЮ ПОҶОМА

Додгоҳи вилояти Хатлон Миҷгона Бегматова, як зани сокини деҳаи Ғаллаободи ноҳияи Хуросонро бо ҷурми қатли бераҳмонаи хушдоманаш Бобокалонова ба 18 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Дугонаи ӯ Мадина Нурмаҳмадзода барои ҳамдастӣ дар ин ҷиноят ба 17 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шудааст.  Бино ба фарзияи тафтишот, Бегматова ва Нурмаҳмадова нафақат он занро дар назди набераи хурдсолаш буғӣ карда, куштанд, балки баъди куштани ӯ тавассути тиреза ба ҳуҷраи дигар даромада, 220 сомонӣ, як телефони мобилии тамғаи “Самсунг” бо арзиши 250 сомонӣ, як ҷуфт пойафзоли занона бо арзиши 25 сомонӣ ва 2 ҷуфт куртаю поҷомаи марҳумро дуздидаанд.

Худи ин ду зани маҳкумшуда ваё адвокатҳову наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 12 ноябри соли 2022 дар шарҳи ин парвандаи пурсарусадои қатли хушдоман гуфт, Бегматова Миҷгона Сарахоновна, сокини ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон, бо дугонааш Нурмаҳмадзода Мадина, сокини ҳамин ноҳия,  бо маслиҳати пешакӣ даст ба одамкушӣ бо бераҳмии махсус ва дуздӣ задаанд.

Гуфта мешавад, ки Миҷгона  Бегматова М.С. аз 25 майи соли 20221 бинобар сабаби дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доштани шавҳараш Абдуллоев А.И. бо 3 фарзанди хурдсолаш дар хонаи истиқоматии хусураш дар деҳаи Ғаллабобод истиқомат мекард.

Дар ин давра байни Бегматова М.С. ва хушдоманаш Бобокалонова Г.А., мунтазам муноқишаҳои оилавӣ cap мезадааст ва бино ба фарзияи тафтишот, Бегматова М.С., дар назди худ мақсад гузоштааст, хушдоманаш Бобокалонова Г.А.-ро ба қатл мерасонад.

Додситонӣ мегӯяд: “Бегматова М.С. шаби 2-юми майи соли 2022, ба Нурмаҳмадзода М. либосҳои шавҳарашро пӯшонида, худаш бо шарф рӯяшро маҳкам карда, дар дасташ як адад кӯрпа гирифта, вориди ҳуҷраи хоби Бобокалонова Г.А. шуда, ӯро дар назди набераи хурдсолаш бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расондаанд. Баъд аз куштор, Бегматова М.С. бо Нурмаҳмадзода М.  тавассути тиреза ба ҳуҷраи дигари хушдоманаш, ки дараш қулф буд, ворид шуда, аз он ҷо 220 сомонӣ, як телефони мобилии тамғаи “Самсунг” бо арзиши 250 сомонӣ, як ҷуфт пойафзоли занона бо арзиши 25 сомонӣ ва 2 ҷуфт куртаю поҷомаи марҳумро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.

Прокурори ноҳияи Хуросон ба зидди ин ду зан бо иттиҳоми куштор бо бераҳмии махсус ва дуздӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, баъди анҷоми тафтишот ба додгоҳ фиристод.

Бо ҳукми додгоҳи вилояти Хатло, аз 27 сентябри соли 2022 Бегматова М.С. бар асоси моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “е, з” ва 244 қисми 2 бандҳои “б, в, г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбаташ ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 18 солу 6 моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин карда шуд.

Нурмуҳаммадзода М. бар асоси моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “е, з” ва 244 қисми 2 бандҳои “б, в, г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 17 солу 6 моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин карда шудааст. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button