ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ҲУКМИ ДЕПОРТАТСИЯИ ФИРӮЗ АМИНОВ, БАРОДАРИ ЯКЕ АЗ ДУ ТОҶИКИ МУТТАҲАМ БА ҚАТЛИ 11 САРБОЗИ РУС ДАР БЕЛГОРОД


Мақомоти Русия қарори ихроҷи Фирӯз Аминов, бародари Эҳсон Аминзода, як тоҷики муттаҳам ба ҳамла дар тамрингоҳи Белгородро баровардаанд.

Фирӯз Аминов 26 сол  дошт ва як сол боз дар Маскав кор мекард.

Наздиконаш рӯзи 11-уми ноябри соли 2022 гуфтанд, ки санади будубошаш дар Русия “дуруст буд”, аммо ду ҳафта пеш дастгир шуду ҳоло мунтазири ихроҷ ба Тоҷикистон аст.

Номи ин хонавода аз Тоҷикистон пас аз тирпаронии 15-уми октябр дар тамрингоҳи Белгород, ки дар онҷо нерӯҳои иловагиро ба артиши Русия нигоҳ медоштанд, расонаӣ шуд.

Расонаҳои Русия навиштанд, Эҳсон Аминзода (бародари Фирӯз Аминов) бо як ҳамроҳаш гуё зимни таҳқири эҳсосоти динӣ ба ҳамяроқон ҳамла карда, 11 нафарро куштанд ва 15 каси дигарро захмӣ карданд. Мақомоти Русия ҷузъиёти ҳодисаро пинҳон мекунанд ва воқеияти он чизе, ки дар Белгород гузашт, норӯшан аст.

Фируз Аминов

Фирӯз Аминов моҳи октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бародараш зоҳиран бо зӯр ба артиши Русия ҷалб шудааст, чун як ҳафта пеш аз ҳодиса нопадид гашта буд.

Ду нафар аз наздикони Фирӯз Аминов рӯзи 11-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, худи ӯро ду ҳафта пеш бо панҷ нафари дигар боздошт карда, қарори ихроҷашонро аз Русия содир намудаанд.

Ба гуфтаи наздикон, ҳоло Фирӯз ва ҳамроҳонаш дар боздоштгоҳи “Сахарово” ҳастанд ва мунтазири бозгашт ба Тоҷикистон.

“Санадҳои ӯ дуруст буд ва ҳеч мушкил надошт. Патент дошт ва сабти ҷои иқоматаш ҳам дуруст буд. Пас аз кушта шудани бародараш чанд бор ба Додситонӣ даъват карданд. Баъдан, қарори ихроҷи ӯ ва панҷ дӯсташро содир карданд,” – гуфт яке аз пайвандонаш, ки нахост номашро нависем.

Шумораи телефони Фирӯз Аминов, ки тавассути он дар моҳи октябр бо Радиои Озодӣ суҳбат карда буд, дигар фаъол нест. Мақомоти Русия низ ин мавзуъро шарҳ надодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button