Хабарҳои кӯтоҳ

БАРХӮРДИ МАРГОВАРИ “ОПЕЛ” БО МАРКАБ ДАР РОҲИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Соати даҳи шаби 9-уми ноябр, як мошини “Опел-Астра” дар роҳи калони мошингарди ноҳияи Восеъ, бо суръати баланд бо қисмати пешаш маркабро зада, якчанд маротиба тоб хӯрда, чаппа шудааст. Дар натиҷа, мусофири сисолаи ин мошин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
хххххххххххххх

Сокини 50-солаи ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ба он гумонбар мешавад, ки бо роҳи фиреб ба боварии марди 44-солаи сокини Роштқалъа даромада, аз ӯ 3 ҳазор доллар гирифта, то ҳол барнагардондааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 11.11. 2022

Ҳодисаи нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияи Восеъ

ad71b03ec315a20e6e17b91ea8867c4a

9-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Акобирзода Аҳмиддин Саймеҳриддин, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи калони мошингарди ноҳияи Восеъ, бо суръати баланд ҳаракат намуда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо қисмати пеши автомашинааш маркабро зада, якчанд маротиба тоб хурда чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Ҳафизов Изатулло Маҳмадович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Фархор, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ

030

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 50-солаи сокини ноҳияи Роштқалъа бо роҳи фиреб ба боварии марди 44-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ 3 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол онҳоро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button