Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

БА 300 МЕТР ҶАРӢ ЧАППА ШУДАНИ “ҶИП” ДАР АЙНӢ ВА ЁФТ ШУДАНИ ҶАСАД ДАР ЯК ХОНА

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон 11 ноябри соли 2022 хабар дод, ки наҷотдиҳандагонаш тайи шабонарӯзи гузашта дар километри на 122-юми роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ҷасади ронандаи ҳалокшудаи як мошини ҷипро аз чуқурии 300 метр берун овардаанд ва ҳамчунин дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе дари хонаеро, ки соҳибаш 4 рӯз боз аз худ дарак намедод, кушода, аз дохилаш ҷасади соҳиби хонаро пайдо кардаанд.

Бино ба навори хабарҳои КҲФ, рӯзи 10 ноябри соли 2022, соати 10:05 ба қисми навбатдории ин кумита хабар додаанд, ки дар километри 122-юми роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ садама рух додааст. Наҷотбахшони шуъбаи КҲФ дар водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса омада, муайян кардаанд, ки мошини сабукрави тамғаи “MUSSO” таҳти идораи сокини 32-солаи Панҷакент, ҳангоми ҳаракат аз сӯи Душанбе ба тарафи Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонистааст ва мошинаш ба ҷарии чуқуриаш 300 метр чаппа шудааст. Дар натиҷаи садама, ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Наҷотбахшон бо кумаки таҷҳизоти кӯҳнавардӣ ба он ҷарӣ фаромада, бо истифода аз таҷҳизоти махсус ҷасади ронандаро аз мошини пачақшуда берун овардаанд ва ба боло бароварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд. Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.

Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба ронандагон хотиррасон кардааст, ки дар роҳ аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд ва тамоми қоидаҳои ҳаракат, ҳамчунин суръатро риоя кунанд.

Бино ба хабари дигари КҲФ, нимаи дуюми ҳамон рӯзи 10 ноябр, соати 16:30 ба қисми навбатдории ин кумита навбатдори шуъбаи милитсияи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе занг зада, аз қавли ҳамкорони як сокини 52-солаи маҳаллаи Зарафшон – 22/9 хабар додааст, ки ӯ 4 рӯз боз ба кор намебарояд, ба зангҳо ҷавоб намедиҳад, аз хонааш садои мусиқӣ шунида мешавад, вале дарро касе намекушояд.

Ба ҷои ҳодиса гуруҳи навбатдори наҷотбахшони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд. Онҳо бо истифода аз таҷҳизоти махсус тавассути тиреза вориди манзили он мард шуда, дарро аз дарун кушоданд. Мутаассифона, наҷотбахшон дар дохили хона ҷасади алакай сардшудаи соҳибхонаро пайдо кардаанд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Дар бораи сабаби марги ин сокини маҳаллаи Зарафшон чизе гуфта нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button