ВарзишВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

АМНИЯТ ТАЪМИН НЕСТ: ТИМИ САМБОИ ТОҶИКИСТОН АЗ ИШТИРОК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ДАР БИШКЕК ХУДДОРӢ КАРД

Бо далели таъмин набудани амнияти варзишгарон, самбочиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон , ки 11-уми ноябри соли 2022 дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон оғоз ёфт, ширкат намекунанд.

Носир Бозор, сармураббии тими мунтахаби самбои Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, онҳо мусобиқаҳои дохилиро гузаронида, дастаи мунтахабро барои ширкат интихоб ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои онҳоро барои сафар омода карданд, вале аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар ниҳодҳои масъул посух гирифтанд, ки кафолати амнияти варзишгарон таъмин нест. Аз ин рӯ, аз сафар даст кашиданд.

“Вақте мақомоти масъули кишвар амнияти варзишгаронро кафолат намедиҳанд, мо барои ширкат дар як мусобиқа ҷони ҷавононро дар хатар гузошта наметавонем. Кишвари бегона, характери одамон гуногун, таваккал намекунем. Агар амнияти бачаҳоро  кафолат медоданд, мерафтем. Маҳз ҳамин чиз сабаб шуд, ки мо дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ширкат карда натавонистем”, – изҳори нигаронӣ кард Носир Бозор.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаҳои гузаштаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон пайваста иштирок дошт. То ҳол, Беҳрӯзи Хоҷазода, Хушқадам Хусравов ва Акмалиддин Каримов, се паҳлавони тоҷик дар риштаи самбои варзишӣ ва Сайриддин Икромов ва Эраҷ Раҳимов ду нафари дигар дар намуди самбои размӣ қаҳрамони ҷаҳон шудаанд. 

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии хати сарҳад баҳсҳои шадид доранд ва баъзан ин баҳсҳо боиси сар задани муноқиша дар сарҳад низ мешавад. Охирин муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади ин ду кишвар 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ рух дод, ки дар натиҷаи он, аз ҷониби Тоҷикистон 41 тан ҷон бохта ва 204 нафар маҷруҳ шудаанд. Мақомоти Қирғизистон аз талафоти 63 нафар ва маҷруҳ шудани даҳҳо тани дигар гузориш додаанд.

Дар ҳамин ҳол, 11-уми ноябр, Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) хабар дод, ки дар Бишкек мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо оғоз ёфт ва он то рӯзи 13-уми ноябр идома хоҳад кард.

Ба иттилои ин ниҳод, дар ин мусобиқа, ки миёни мардон ва занон, инчунин дар намуди самбои размӣ байни мардон сурат мегирад, варзишгарони беш аз 50 кишвар ширкат меварзанд.

Аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ самбочиён аз Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Молдова, Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд. Варзишгарон аз Беларус, Русия, инчунин Фаронса таҳти парчами Федератсияи байналмилалии самбо ширкат меварзанд.

Манбаъ навиштааст, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон варзишгарон барои 21 маҷмуи медалҳо (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон оид ба самбои варзишӣ, инчунин 7 вазн байни мардон оид ба самбои размӣ) мубориза мебаранд.

Иштироккунандагон барои унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазнҳои 50 кг, 54 кг, 59 кг, 65 кг, 72 кг, 80 кг, +80 кг барои занон зерин, 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, 98+ кг барои мардон ва  58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, 98+ кг барои самбои размӣ мубориза хоҳанд кард.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Бишкек 231 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои варзишгаре, ки медали тило мегирад, 4000 доллар ва барои медали нуқра – 3000 доллар ва ба барандагони медалҳои биринҷӣ 2000-долларӣ тақдим мегардад.

Манбаъ: Азия Плюс

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button