СЕЛУ САНГ, ЗИЛЗИЛАЮ БАРФ. ДАР ШАБОНАРӮЗИ ОХИР ДАР ТОҶИКИСТОН ЧӢ ҲОДИСАҲО РУХ ДОД?

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки тайи рӯзи 7 ноябр ва субҳи 8 ноябр дар ҷумҳурӣ чандин ҳолати омадани сел, сангрез ва заминларза сабт шуда, рехтани барф боиси манъи ҳаракати нақлиёти боркаши ядакдор ва фураҳо дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ шудааст. Хушбахтона, касе дар ин офатҳо осеб надида, ягон ҷо хароб нашудааст.
Аз ҷумла субҳи 7 ноябр, тақрибан соати 07:27, дар маҳаллаи Калтаҳои ҷамоати Оби Гарм дар канори шаҳри Роғун як қисмати роҳи маҳаллӣ бар асари боришоти шадид фурӯ рафтааст.Дар ҳоли ҳозир равуои нақлиёт тавассути роҳи иловагӣ сурат мегирад. Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Роғун корҳоро барои барқарор кардани роҳи мошингард шурӯъ кардааст.
Ҳамон рӯз, тахминан соати 10:57, дар километри 73-юми роҳи Ваҳдат – Рашт – Лахш дар ҳудуди ҷамоати Сичароғ дар канори шаҳри Роғун сангрез ба амал омада, ин қитъаи роҳро баст. Кормандони вазорати нақлиёт оқибатҳои ин офатро бартараф ва роҳро боз кардаанд.
Субҳи 7 ноябр, соати тақрибан 08:27, дар Тоҷикистон заминларза рух дод. Шиддати ин офати табиӣ дар марказаш, ар 270-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон 3-4 баллро ташкил дода, дар шаҳри Хоруғ 2-3 балл будааст. Дар натиҷаи ин заминларза касе осеб надидааст ва манзиле ҳам вайрон нашудааст.
Соати 16:26, як сокини кӯчаи Санои шаҳри Душанбе ба қисми навбатдорӣ занг зада, хабар додааст, ки ба сабаби боришоти зиёд об таҳхонаашро пур кардааст. Кормандони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи пойтъат бо истифода аз мотопомпаҳо обро аз таҳхона берун кашидаанд.
Субҳи 8 ноябри соли 2022, тақрибан соати 05:50, боришоти шадид боиси омадани сел дар километри 352-юми роҳи Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз, дар ҳудуди деҳаи Умаракаи ҷамоати Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуд. Дар натиҷа роҳ муваққатан баста шуд. Корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар Умарак идома дорад.
Субҳи 8 ноябр, тақрибан соати 06:05, сангрез дар километри 447-уми роҳи Дарвоз – Ванҷ – Хоруғ дар ҳудуди деҳаи Хехики ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боиси муваққатан баста шудани роҳ шуд. Корҳо барои рафъи оқибатҳои сангрез идома дорад.
Бино ба иттилои ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз”, ки масъулияти нигоҳубини шоҳроҳи пулакии Душанбе – Хуҷанд – Чаноқро дар даст дорад, ба ҳолати субҳи 8 ноябр, ин роҳ барои равуои мошинҳои фура ва мошинҳои боркаши ядакдор баста буда, боқӣ воситаҳои нақлиёт метавонанд ҳаракат кунанд.
Филиал “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” в РТ
Роҳи Душанбе – Чаноқ кушода буда, ҳаракати нақлиёт, ба истиснои “Фура”ва автомобилҳои боркаши ядакдор (барои ин намуди мошинҳо муваққатан маҳдудият ҷорӣ шудааст), имконпазир аст.
Бароятон роҳи сафед орзумандем!

