ВарзишВидео

САЛОМ БА УТКИН: ТОҶИКИСТОН БА ДАРВОЗАИ РУСИЯ 10 ГОЛ ЗАД! (ВИДЕО)

Тими миллии футзали Тоҷикистон тими миллии Русияро, ки дар охирин қаҳрамонии футзали Аврупо ҷои дуюмро ба даст оварда буд, бо ҳисоби 10 бар 7 шикаст дод. Бозии дӯстонаи ду тими 7 ноябри соли 2022 дар Қасри теннис ва намудҳои обии варзиш дар шаҳри Душанбе  бо ҳузури 2750 тамошобин доир шуд.

Гуфтанист, ки то дақиқаи 7-ум тими Тоҷикистон бо ҳисоби 0:2 бой медод, вале тавонист худро сарҷамъ кунад ва ба дарвозаи ҳариф 10 гол бизанад. Ин ҳам лозим ба зикр аст, ки ду голи охирро футзалбозони тоҷик дар дақиқаи охирин, дақиқаи чилуми бозӣ вориди дарвозаи Русия карданд.

Дар ҳайъати тими миллии Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров 4 гол зада, покер кард. Идрис Ёров, Дилшод Саломов ва Бахтиёр Солиев ҳар кадом дуголӣ заданд.  Дар ҳайъати Русия Янар Асадов бо 5 гол  пента‑трик кард ва Сергей Денисов ва Артём Ниязов якголӣ заданд.

Рӯзи 8 ноябр, тимҳои футзали Тоҷикистону Русия дар Душанбе бозии дуюми рафиқона доир мекунанд. Бозӣ соати 20:00 ба вақти Душанбе (18:00 ба вақти Маскав) оғоз мешавад.

Бозии рафиқона

ТОҶИКИСТОН – Русия – 10:7

Голҳо: Янар Асадов, 2 (0:1). Сергей Денисов, 7 (0:2). Идрис Ёров, 12 (1:2). Бахтиёр Солиев, 13 (2:2). Дилшод Саломов, 18 (3:2). Янар Асадов, 18 (3:3). Файзалӣ Сардоров, 25 – с пенальти (4:3). Артём Ниязов, 26 (4:4). Файзалӣ Сардоров, 28 (5:4). Файзалӣ Сардоров, 28 (6:4). Янар Асадов, 29 (6:5). Бахтиёр Солиев, 31 (7:5). Файзалӣ Сардоров, 33 (8:5). Янар Асадов, 38 (8:6). Янар Асадов, 39 (8:7). Идрис Ёров, 40 (9:7). Дилшод Саломов, 40 (10:7).

7 ноябр. Душанбе. Қасри теннис ва намудҳои обии варзиш. 2750 тамошобин.

Мухлисони тоҷик дар зери хабари “Матч ТВ” дар бораи аз дастаи Тоҷикистон мағлуб шудани тими футзали Русия ба шореҳи варзиши Русия Василий Уткин салом фиристода, ӯро ба масхара кашидаанд. Уткин ахиран бо чунин лаҳни танзомез тасмими тими миллии футболи Русия барои доир кардани бозии рафиқона бо тими Тоҷикистонро ба масхара кашида буд.

Дар ҳамин ҳол, Валерий Карпин, сармураббии тими миллии футболи Русия рӯзи 7 ноябр ҳайъати ниҳоии тимаш барои машқҳои моҳи ноябрро эълон кард. Ин машқҳо аз 14 то 20 ноябр сурат мегиранд ва дар ин байн, рӯзҳои 17 ва 20 ноябр тими Русия дар Душанбе ва Тошканд бо тимҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ду бозии рафиқона анҷом медиҳад.

Аз ҳайъати эълоншуда бармеояд, ки Карпин барои ин ду бозӣ асосан футболбозони ҷавонеро даъват кардааст, ки аксараш шояд бори аввал дар ҳайъати тими миллии Русия бозӣ кунанд. Албатта, чанд ситора, ба мисли дарвозабон Антон Шунин, ҳимоятгар Георгий Ҷикия, нимҳимоятгарон Андрей Мостовой ва Далер Кузяев, ки падару модараш зодагони Тоҷикистонанд, ва ҳамлагар Фёдор Чалов ҳам ба ҳайъати тими миллии Русия даъват шудаанд. Вале Карпин зоҳиран тасмим гирифтааст, ки дар Душанбе ва Тошканд асосан ба ситораҳои тозанумӯи футболи Русия шанс бидиҳад ва ҳамзамон маҳорату истеъдоди онҳоро бисанҷад.

Қарори маълум, дар пайи ҷанги Русия ба зидди Украина, дастаҳои яккачини Русия ва бошгоҳҳои ин кишвар аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалие, ки ФИФА ва УЕФА доир мекунанд, маҳрум карда шудаанд. Иттиҳоди футболи Русия танҳо замоне барои ташкили бозиҳои рафиқонаи тими миллии Русия бо тимҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба федератсияҳои футболи ин ду кишвар муроҷиат кард, ки бисёре аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Эрон, ин пешниҳодро напазируфтанд ва тими миллии Босния ҳатто аз баргузории бозии рафиқонааш бо тими миллии Русия, ки алакай барои рӯзи 19 ноябр дар Петербург барномарезӣ шуда буд, даст кашид.

Ҳайъати ниҳоии тими миллии футболи Русия барои машқҳои моҳи ноябр:

Дарвозабонҳо: Антон Шунин («Динамо»), Александр Селихов («Спартак»), Матвей Сафонов («Краснодар»), Сергей Песяков («Ростов»).

Ҳимоятгарон: Вячеслав Караваев («Зенит»), Даниил Хлусевич, Георгий Ҷикия, Руслан Литвинов (ҳарсе — «Спартак»), Максим Осипенко, Александр Силянов (ҳарду— «Ростов»), Артем Макарчук («Сочи»), Иля Агапов («Пари НН»), Александр Солдатенков («Крилья Советов»).

Нимҳимоятгарон: Дмитрий Баринов, Артем Карпукас, Антон Миранчук (ҳарсе— «Локомотив»), Данил Глебов, Даниил Уткин (ҳарду — «Ростов»), Далер Кузяев, Андрей Мостовой (ҳарду— «Зенит»), Никита Кривцов («Краснодар), Сергей Пиняев («Крилья Советов»), Даниил Фомин, Арсен Захарян (ҳарду— «Динамо»), Антон Зинковский («Спартак») ва Лечи Садулаев («Ахмат»).

Ҳуҷумкунандагон: Фёдор Чалов (ЦСКА), Николай Комличенко («Ростов»), Александр Соболев («Спартак») ва Владимир Сичевой («Оренбург»).

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button