ВидеоМуҳоҷирон

ЯК ЗАН ДАР МАСКАВ БАЪДИ ҶУДО ШУДАН АЗ ШАВҲАРИ ТОҶИК, ДУХТАРИ ЯКСОЛААШРО АЗ ҚАБАТИ 11-УМ ПАРТОФТААСТ

Субҳи сешанбе, 8 ноябри соли 2022 шаҳри Маскавро ҳодисаи духтарчаи яксолаашро аз қабати 11-уми як бинои истиқоматӣ ба замин партофтани як ҷавонзан такон дод. Ин ҳодиса дар гузаргоҳи Суми ноҳияи Чертаново дар ҷануби пойтахти Русия рух дод.

Тавре нашрияи “MK” маълум кард, ин зан Валерия ном дошта, 26 сол дорад ва аз соли 2015 ба далели маъюсиву руҳафтодагии равонӣ таҳти назорати равоншинос қарор доштааст. Аз соли 2019 вазъи ӯ беҳтар шуда, ҳатто ба Субҳон ном ҷавони ҳамсолаш аз Тоҷикистон издивоҷ кардаву ҳарду соҳиби як духтарча шудаанд. Вале баҳори соли 2022 Субҳон дар пайи марги падараш ба шаҳр Орск рафт ва дигар ҳамон ҷо ба пеши модараш монд. Ин боиси хуруҷи дигарбораи бемории Валерия шудааст ва ӯ тифлашро, ки аз Субҳон буд, аз қабати 11-уми бино партофта, мехост худаш ҳам худкушӣ кунад, вале наҷоташ додаанд. Тифли ӯ бо вуҷуди афтидан аз баландии қабати 11-уми бино зинда мондааст, вале аҳволаш вазнин арзёбӣ мешавад.

Бино ба иттилои дарёфтии “MK”,  Валерияи 26-сола бо шавҳари ояндааш Субҳон соли 2020 тавассути Интернет шинос шудааст. Ӯ он вақт коллеҷи вазорати корҳои хориҷии Русияро хатм карда, дар як ширкати фурӯши хонаҳо кор мекард.

Субҳон, ки низ 26 сол дошт ва дар шаҳри Орски вилояти Оренбург кор мекард, бо даъвати Валерия корашро партофта, ба Маскав омад. Онҳо издивоҷ карданд ва як муддат дар ғарби Маскав иҷора менишастанд. Соли 2021 оилаи ҷавон ба гузаргоҳи Сум кӯчид. Онҳо барои иҷораи манзили дуҳуҷрагӣ, ки аз он ҳам танҳо як ҳуҷраро истифода мебурданд, ба соҳибхона 32 ҳазор рубл медоданд. Як қисми пулро падару модари Валерия медоданд.

Соли 2021 онҳо соҳиби фарзанд шуданд. Субҳон як ҷои кори доимӣ надошт ва ин оила ба камбуди молиявӣ дучор будааст. Дар поёни моҳи марти соли 2022 падари Субҳон аз олам чашм пӯшид ва Субҳон барои гӯручӯби падараш ба Орск рафту дигар наомад, пеши модараш монд.

Валерия ба шавҳараш занг мезаду менавишт, то ки баргардад, вале Субҳон мегуфт, модарашро партофта рафта наметавонад, чунки тибқи анъана баъд аз сари падар саробонии оила, аз ҷумла модараш ба дӯши ӯст. Валерия моҳи сентябр аз Субҳон ҷудо шуд, чунки мегуфт, ки ӯ барои духтарашон ягон кумак намерасонад ва алоқае ҳам ба ӯ нишон намедиҳад.

Баъди ҷудо шудан аз шавҳар ҳолати равонии Валерия бад шуд ва боиси хуруҷи дигарбораи маризии равонии ӯ шуд.

Нахустин бор Валерия соли 2015 дучори мушкилоти равонӣ шуда, чанд рӯз гум шуд. Баъди ин ӯро дар бемористон хобонданд ва сипас 4 сол таҳти назорати духтури равоншинос қарор дошт. Валерия баъди 4 сол табобатро бас кард, чунки мегуфт, ки пурра шифо ёфтааст. Вале бо шурӯи пандемия бемории Валерия аз нав хуруҷ кард ва ӯ аз ҷумла бо падару модараш ҷанҷол мекард, ки барояш хона иҷора бигиранд. Аммо баъди ҷудо шудан аз Субҳон ӯ, ба гуфтаи шиносҳояш, аз ақл бегона шуд. Хешовандон мехостанд ӯро барои муоина дар назди равоншинос моил кунанд, вале ӯ қатъиян инро рад мекард ва мегуфт, агар исрор кунанд, худашро мекушад.

Рӯзи ҷумъаи гузашта духтарчаи ӯ яксола шуд, вале Валерия он рӯз боз бо падару модараш ҷанҷол карда, ҳатто ин ҷашнро ҳам вайрон кард.

Нуқтаи охири фоҷиаи Валерия субҳи 8 ноябр шуд, ки ӯ тифли худро аз қабати ёздаҳуми бино ба замин партофт. Ҳоло табибон барои наҷоти ҷони ин кӯдак мубориза мебаранд. Худи Валерияро низ дар бемористон бистарӣ кардаанд. Табибон мегӯянд, ӯ ба кумаки оҷили равонӣ ниёз дорад.

Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштани кӯдаки хурдсол парванда ҳам кушодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button