АфғонистонВидео

ДИДОРИ НАМОЯНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН БО РОҲБАРОНИ ТОЛИБОН ДАР КОБУЛ

Рӯзи 7-уми ноябри соли 2022 намояндаи вижаи президенти Қирғизистон Талъатбек Масодиқов (Таалатбек Масадиков) дар Кобул  бо  чанде аз аз мақомҳои баландпояи ҳукумати Толибон  мулоқот кардааст. “Тулӯъ Нюс”  хабар медиҳад, ки Талъатбек  Масодиқов аз ҷумла бо Мулло Абдулғанӣ Бародар – муовини аввали нахуствазири  “Аморати исломии Афғонистон”,  Абдусалом Ҳанафӣ – муовини дувуми нахуствазир,  Шермуҳаммад Аббос Стоникзай – муовини вазири хориҷии ҳукумати “Толибон” дидор кардааст. 

 Манбаъ меафзояд, ки зимни вохӯриҳо намояндаи вижаи президенти Қирғизистон  хостори ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун шудааст.

Ҳамзамон ҷониби “Толибон” аз даргириҳои ахир, дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон нигаронии худро нишон дода, хостори ҳалли мушкилӣ аз роҳи мусолиматомез шудааст ва таъкид кардааст, ки давлати “Толибон” ба ҳеҷ гурӯҳе  иҷоза намедиҳад, то аз хоки Афғонистон бар зидди дигар кишваре истифода шавад. Мақомҳои Толибон гуфтаанд, ки дар аҳди онҳо марзҳои Афғонистон нисбат ба ҳар замоне амнтар шудааст. 

Ва аммо дар умум, ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар хоки Афғонистон мояи нигаронии кишварҳои минтақа боқӣ мемонад. Бавижа барои Тоҷикистон, ки  ҳифозати марзҳояшро бо Афғонистон тақвият медиҳад ва бино ба гузориши “Тулӯъ Нюс”, Тоҷикистон 175 постгоҳи амниятӣ дар марзҳ бо Афғонистон сохта, нақша дорад дар ояндаи наздик боз 300-тои дигар созад. 

Сафари намояндаи президенти Қирғизистон ба Кобул ва мулоқотҳояш бо роҳбарони аршади режими нави Толибон дар ҳоле сурат мегирад, ки муносибатҳои Тоҷикистон ҳам бо Қирғизистон ва ҳам бо ҳукумати Толибон дар Афғонистон танишолуда боқӣ мемонад.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар як муноқишаи мусаллаҳонаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду тараф ҳудуди 140 нафар кушта ва тақрибан 750 тани дигар захмӣ шуданд. Ҳарду тараф якдигарро дар шурӯи муноқиша айбдор мекунанд

Тоҷикистон ҳамчунин ягона кишвари Осиёи марказист, ки бо давлати худхондаи “Толибон” назари манфӣ дорад ва баракс аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, ки ба зидди Толибон меҷангад, пуштибонӣ мекунад.  Толибон низ чандин бор таҳдид кардааст, ки метавонад ба мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар қаламраваш паноҳ бидиҳад.

Ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон моҳи августи соли 2021, дар рӯзҳои хуруҷи нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико аз Афғонистон, тақрибан бидуни ҷанг ин кишварро зери назорати худ дароварданд ва ҳукумати нави худро бо номи “Аморати исломии Афғонистон” ташкил доданд. Бо гузашти беш аз як сол, бо вуҷуди тамосҳои бархе кишварҳо, ба дипломатҳои фиристодаи Толибон вогузор кардани сафоратхонаҳои Афғонистон дар бархе кишварҳо, аз ҷумла дар Маскав,  ва эъзоми ҳайъатҳои расмии бархе кишварҳо ба Кобул, режими нави Толибон то кунун натавонистааст эътирофи байналмилалӣ ба даст биорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button