ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

АБДУҚОДИРИ АБДУҚАҲҲОР АЗ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ХОСТ, 4 ЖУРНАЛИСТИ ЗИНДОНИРО АВФ КУНАД

Абдуқодир Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор), журналисти шинохта ва мудири Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ, рӯзи 8 ноябри соли 2022 дар як матлаб дар саҳифааш дар Фейсбук аз номи аҳли ҷомиаи шаҳрвандӣ аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки 4 журналисти зиндонӣ: Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро дар арафаи солгарди 30-юми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон афв кунад. Солгарди ин иҷлосия, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ноябри соли 1992 ба қудрат расонд, қарор аст, рӯзи 16 ноябри соли ҷорӣ таҷлил карда шавад.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар матлабаш, ки муроҷиат ба президент аст, навиштааст:

“Ҷаноби олӣ дарёдиланду дилогоҳу дилсӯз, аз ин рӯ,  дар имтидоди 3- даҳсола ҳудуди 100 ҳазор муҷримони зиндониро авф карданд. Итминон дорам, ҳамин 4 – нафар ҷавонони соҳибқаламро ҳам (Пирмуҳаммадзодаву Абдуллову Завқибеку Далер) истисно намекунанд. Тафтишоти мақомоту ҳукми судҳоро зери шубҳа намегузорем, хатову гуноҳу ҷиноёташон шояд аз ҷавонию камтаҷрибагию зери таъсири гуруҳеву ташкилотеву ҳизбею афроде бошад.  Ба ҳар сурат, дар Душанбе буданду чун баъзеҳо аз хориҷи кишвар ба ватан бадгӯӣ намекарданду ба адолат эътимод доштанду паи ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ҷаҳд доштанд. Ҳар чаҳор ҷавонанд, бе хатову камбудӣ Худост, каму беш 10 фарзанди ноболиғ доранду завҷаҳои ҷавон. Аз номи фаъолони ҷамъиятӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ  аз Президенти мамлакат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш менамоем, ки дар арафаи 30-юмин солгарди иҷлосияи таърихӣ ин ҷавононро авф кунанд. Мутмаъинем, ки ин амали башардӯстона эътиқоди аҳли қаламро ба ҳукумат тақвият бахшида,  дар зиндагии минбаъдаашон нақши муассир мегузорад.

Директори Китобхонаи Лоҳутӣ, журналист, узви ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ – Абдуқодири Абдуқаҳҳор”.

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз 15 июни соли ҷорӣ ва Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз аввалҳои моҳи июн дар ҳабс қарор доранд ва додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур дар моҳи октябр дар ду мурофиаи алоҳида Ғурбатиро ба 7 с олу 6 моҳ ва Далери Имомалиро ба 10 соли зиндон маҳкум кард ва рӯзи 4 ноябр додгоҳи ноҳияи И.Сомонӣ Саидаминиро 7 сол ҳукми маҳбас дод. Мурофиаи парвандаи Пирмуҳаммадзода, ки мисли ин се ҳамкасби алакай маҳкумшудааш низ асосан ба “ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ” айбдор мешавад, ҳанӯз шурӯъ нашудааст.

Ҳамаи ин 4 журналист иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои  мамнӯъро рад мекунанд. Созмонҳои байналмилалӣ низ ин иттиҳомро бофта меноманд ва бар инанд, ки мақомоти Тоҷикистон аз ин иттиҳоми сохта барои бастани даҳони журналистони мунтақид истифода мекунад.

Чанд рӯз пеш Додситонии кулли Тоҷикистон талош кард, ки 7 сол ҳукми зиндони Абдуллоҳ Ғурбатиро тавҷеҳ ва иттиҳоми ҳамкорӣ доштанаш бо созмонҳои мамнӯъро собит кунад. Вале додситонӣ дар матлаби тӯлониаш ба ҷуз ин ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба канали шабакаи телевизионии Азда ТВ дар Ютуб обуна шудааст ва аз матлабҳои он гӯё барои “рангинсозии гузоришҳояш” истифода бурдааст, ҳеҷ далели дигари ҳамкории ӯ бо созмонҳои мамнӯъро оварда натавонист.  Азда ТВ низ дар Тоҷикистон ба рӯйхатти созмонҳои мамнӯъ ворид карда нашудааст.  Ин шабака бо Азда ТВ ягон ҳамкорӣ доштан ва аз барномаҳои он “барои рангинсозии гузоришҳояш” истифода бурдани Ғурбатиро туҳмат номид ва гуфт, ҳар хабарнигор барои таъқиби хабару таҳаввулоти марбут ба кишвару минтақа ва ҷаҳон ҳақ дорад дилхоҳ сомонаҳоро дунбол кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button