ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

40 ФОИЗ АРЗОНТАР АЗ НАРХИ БОЗОР: ТАШКИЛИ ЯРМАРКА ДАР ВКД ДАР АРАФАИ ИДИ МИЛИТСИЯ (2 АКС)

8-уми ноябри соли 2022 бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия, ки ҳамасола 10 ноябр таҷлил мегардад, дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи маҳсулоти хӯрока барои кормандони ин вазорат доир гардид.

Дар ин ярмарка маҳсулоти хӯрока аз қабили гӯшт, биринҷ, равған, шакар, тухм, орд, картошка, пиёз, сабзавот ва дигар маҳсулоти ғизоӣ пешкаши харидорон карда шуд.

Полковник Маҳбуба Гул, сухангӯи ВКД  хабар дод, ки тамоми ин маҳсулоти хӯрока аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасон пешниҳод гардида, нисбат ба бозору марказҳои савдо нархи онҳо 40 фоиз арзонтар ба фурӯш гузошта шуда буд. Ӯ инро тӯҳфаи хуб дар арафаи Рӯзи милитсия номид.

Лозим ба ёдоварист, ки дар арафаи дигар иду ҷашнҳо низ аз ҷониби роҳбарияти вазорати корҳои дохилӣ барои кормандони милитсия чунин ярмаркаҳо бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пайваста ташкил карда мешаванд. Полковник Маҳбуба Гул инро “шаҳодат аз дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати кормандони милитсия” меномад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button