ВидеоМуҳоҷирон

2 КУШТА ВА 5 ЗАХМӢ: САДАМАИ ҲАЛОКАТБОРИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ (ВИДЕО +18)

Шоми 7 ноябри соли 2022, тахминан соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ, ду оилаи муҳоҷирони тоҷик дар роҳи сафар аз Қазоқистон ба Русия дар вилояти Челябинск дучори садамаи мудҳиш шуданд.

Дар километри 33-юми роҳи “Восточный обход Челябинска” дар канори шаҳри Копейск минивэни тамғаи “Тойота Версо” таҳти идораи сокини 46-солаи шаҳри Тюмен бо 7 мусофир ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини боркаши тамғаи “Скания” бархӯрдааст. Зарба чунон сахт буд, ки минивэн комилан пачақ шуда буд ва наҷотбахшон ронанда ва мусофирони ин мошинро бо истифода аз таҷҳизоти махсус мошинро бурида, аз даруни он берун кашиданд.

Хадамоти матбуоти ГИБДД, ё пулиси роҳи Челябинск гуфтанд: “Дар натиҷаи садама ду мусофири солхӯрдаи мошини сабукрав — марди 74-сола ва зани 69-сола ҳанӯз то расидани мошини “Ёрии таъҷилӣ” ҷон бохтанд. Ронанда ва 5 мусофири дигари сабукрав ҷароҳат бардоштаанд, аз ҷумла се писарбачаи 5,8 ва 10-сола. Маҷруҳонро ба бемористонҳо интиқол доданд”.

 Мусофирони ҳалокшуда зану шавҳар аз Тоҷикистон будаанд. 5 мусофири дигар низ аз як оила аз Тоҷикистон будаанд— зану шавҳари ҳарду 35-сола ва се фарзанди хурдсоли онҳо. Ин оила дар шаҳри Нижний Тагил зиндагӣ мекардааст.

Маълум нест, ки онҳо аз Тоҷикистон меомаданд ваё барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳояшон марзи Қазоқистонро гузашта, аз онҷо боз ба Русия бармегаштанд.

Додситонии вилояти Челябинск хабар дод, ки нисбат ба ронандаи “Тойота” бар асоси қисми панҷуми моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Русия парванда кушодаанд.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини зиндагии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои гуногун то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик, аксаран дар синни ҷавон, ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Яъне ҳар рӯзи муҳоҷират дар Русия ҷони то се муҳоҷири тоҷикро мегирад…

Фалокатҳо дар ҷои кор ва садамаҳои нақлиётӣ як сабаби умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор мераванд.

Худованд равони ҳамаи муҳоҷирбачаҳои тоҷики шаҳидшударо шод гардонад!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button