Хабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ ПОЙТАХТ МОШИНИ ҶИПИ ЯК ЗАНИ СОЛХӮРДАРО “ҒАЙРИҚОНУНӢ ҲАЙ КАРДА БУРД”

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҳолати дуздии мошин дар пойтахт хабар дод. Бино ба иттилои ин ниҳод, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 63-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намуда хабар додааст, ки шоми  4-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 18:30, марди 39-солаи сокини пойтахт бо тариқи пинҳонӣ автомашинаи тамғаи “Тойота РАВ-4”-ро, ки дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда, ба самти номаълум бурдааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button