ВарзишВидео

ШАВКАТҶОН РАҲИМОВ АВВАЛИН ЧЕМПИОНИ БОКСИ ҶАҲОН АЗ ТОҶИКИСТОН ШУД! (ВИДЕО)

Муштзани 28-солаи тоҷик Шавкатҷон Раҳимов шаби 5 ноябри соли 2022  дар мусобиқоти ширкати промоутерии Matchroom дар шаҳри Абу- Забии Имороти Муттаҳида Араб дар вазни нимасабук (то 59 кило) рақибаш аз Британияи кабир Зелф Барретро шикаст дод ва нахустин зодаи Тоҷикистон шуд, ки сазовори унвони қаҳрамони бокси касбии ҷаҳон тибқи фарзияи IBF (Федератсияи байналмилалии бокс) шуд.

Шавкатҷон Раҳимов, ки 14 августи соли 1994 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) дар ҷануби Тоҷикистон ба дунё омадааст, дар толори “Архангел Михаил” дар шаҳри Екатеринбурги Русия машқ мекунад. Ӯ моҳи феврали соли 2021 низ барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ бо Ҷозеф Диас аз Амрико вориди рақобат шуда буд, вале набарди онҳо он вақт мусовӣ анҷом ёфт.

Ин дафъа бо онки Зелф Баррети назар ба ӯ  пуртаҷрибатар то ин рақобат  дар ҷайб 28 пирӯзӣ ва ҳамагӣ як шикаст дошт  ва Шавкат Ҷон Раҳимов 16 пирӯзӣ ва як мусовӣ дошту ба болои ин, дар даври сеюми рақобат Баррет тавонист муштзани тоҷикро аз пой дароварда, ба нокаут фиристад, Шавкатҷон тан надод ва тавонист, ки ба худ биояд ва ҳатто ду дафъа муштзани англисро ба нокдаун фиристода, дар даври нӯҳуми рақобат, пирӯзии пеш аз муҳлат ба даст биорад.

IBF  соли 1983 дар Амрико таъсис ёфта, яке аз созмонҳои муътабари бокси касбӣ дониста мешавад. Дар гузашта чунин ситораҳои шуҳратёри бокс, ба мисли Майк Тайсон, Владимир Кличко, Эвандер Ҳолифирд ва Ҷорҷ Форман низ чандин бор сазовори унвони қаҳрамони ҷаҳон тибқи фарзияи IBF шудаанд.

Шавкатҷон Шокирович Раҳимов се карат қаҳрамони бокси Тоҷикистон буда, соли 2017 тибқи фарзияи IBO, як созмони дигари байналмилалии бокс низ унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст оварда буд ва то соли 2019 унвони қаҳрамониро пеши худ нигоҳ дошта буд.

Шавкатҷон Раҳимов аз соли 2011 дар арсаи байналмилалӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Ғ бори аввали соли 2013 сазовори унвони қаҳрамони Тоҷикистон шуда, ба ҳайъати тими миллӣ роҳ ёфт ва дар Ҷоми волии Санкт-Петербург соҳиби медали нуқра ва дар Ҷоми Исмоил Ҳамзаалиев дар Хуҷанд соҳиби ҷои аввал шуда, дар чемпионати ҷаҳон дар Алма-Ато то ба марҳалаи 1/8 финал расида, аз рақиби қирғизаш Эрмек Сакенов шикаст хӯрд.

Соли 2014 Шавкатҷон дуюмбора қаҳрамони Тоҷикистон шуда, боз Ҷоми Исмоил Ҳамзаалиевро ба даст овард ва дар чемпионати ҷаҳон байни донишҷӯён танҳо дар финал аз Шаҳром Ғиёсов аз Ӯзбекистон шикаст хӯрда, соҳиби медали нуқра шуд. Соли 2015 Шавкатҷон Раҳимов бори сеюм қазрамони Тоҷикистон шуд, вале барои роҳ ёфтан ба Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро дар Боку танҳо то ба марҳалаи чорякфинал расид ва аз ин мусобиқаи муҳим берун монд.

Шавкатҷон Раҳимов аз соли 2015 ба бокси касбӣ гузашт ва моҳи ноябри соли 2016 унвони чемпиони ҷаҳон байни ҷавононро тибқи фарзияи Созмони умумиҷаҳонии бокс (WBO) ба даст овард. Соли 2017 Шавкатҷон Эмануэл Лопес аз Мексикаро шикаст дода, унвони қаҳрамони ҷаҳонро тибқи фарзияи IBO ба худ ихтисос дод. Ӯ соли 2016 бо шарофати пирӯзӣ бар Малколм Классеен аз Африқои ҷанубӣ ва Робинсон Кастелянос аз Мексика ва соли 2019 дар пайи пирӯзӣ бар Рофҳиф Маему аз Африқои ҷанубӣ тавонист унвони қаҳрамониро пеши худ нигоҳ дорад.

Шавкатҷон Раҳимов баъди пирӯзӣ бар Азингу Фузиле аз Африқои ҷанубӣ ҳаққи мубориза барои унвони қаҳрамони ҷаҳонро тибқи фарзияи IBF ба даст овард ва рӯзи 5 ноябр Зелф Баррет аз Британияро шикаст дода, ин унвонро низ ба ному худ гардонд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button