ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

СЕЛ ДАР ВАНҶУ РОМИТУ МАСЧО ВА БАРФИ АВВАЛ ДАР ВАНҶ (ВИДЕО)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 4 ноябри соли 2022 низ дар  гӯшааҳои гуногуни қаламрави Тоҷикистон чандин ҳодисаи омадани сел, резиши сангу рег дар роҳҳои кӯҳистон, ярч, баста шудани роҳҳои мошингард рух додааст. Тохтутози обу ҳавои номусоид дар ҷумҳурӣ чанд рӯз боз идома дошта, бино ба пешбинии ҳавошиносон, боришоту сел дастикам то 8 ноябр давом хоҳад кард.

Чунончӣ,  субҳи 4 ноябр, тахминан соати 09:30 бар асари боронҳои шадид дар километри 37-уми роҳи мошингарди Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ, ки аз тариқи деҳаи Регҳои ноҳияи Ванҷ мегузарад, сел роҳро муваққатан баст. Бо талоши кормандони вазорати нақлиёти кишвар роҳ аз селовардаҳо пок шуд ва соати 11:10 дақиқа ҳаракати мошинҳо ба ду самт аз сар гирифта шуд. Талафоти ҷонӣ ва хисорати дигар нест.

Шоми 4-уми ноябр сел дар деҳаи Ҳадишаҳри ҷамоати деҳоти Инан-Тоҷики ноҳияи Масчо роҳро барои ҳаракати мошинҳо душвогузар кард. Дар айни замон он муваққатан баста аст.

Рӯзи 4-уми ноябр ҳамчунин соати 17:40 бар асари бориши борони зиёд дар  ҷамоати деҳоти Нумон Розиқ, деҳаи Шодмонқалъа дар канори роҳи аҳамияти маҳалидошта ярч фаромада, ба роҳи маҳалии Ваҳдат-Ромит ва иншооти хусусии Маркази инсоншиносии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат таҳдид мекард. Корҳои бартарафсозии паёмадҳои ин офати табиӣ ба роҳ андохта шуда, дар айни замон аз ҷониби комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Ваҳдат дар ҷойи ҳодиса навбатдории шабонарӯзӣ ташкил намудааст.

Шаби 5-уми ноябри соли равон, тахминан соати 02:15,  бар асари бориши борони зиёд дар километри 82-и шоҳроҳи Душанбе-Рашт лоиқа ва сангу шағал роҳро муваққатан баст. Дар натиҷаи ҳолати баамаломада 1 адад автомашинаи боркаши тамғаи “Mercedes-Sprinter” дар байни лойқа дармондааст. Талафот ва  зарари ҷисмонӣ ба  қайд гирифта  нашудааст.  Корҳои бартарафсозии паёмадҳои ин ҳодиса идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 8-уми ноябри соли равон бориши борону барф дар қаламрави кишвар идома мекунад ва хатари резиши санг, ярч, омадани селҳо зиёд аст. Сокинон ва меҳмонони кишварро лозим меояд барои таъмини амнияти худ дар ин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд.

Дар ҳамин ҳол, канали  “Vanj-TJ Ҳаматарафа” дар Ютуб хабар дод, ки рӯзи 5 ноябр дар ноҳияи Ванҷ барфи аввал задааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button