ВидеоИлму фанноварӣ

ИМТИЁЗ БА ДОНИШҶӮЁНЕ, КИ 400 КАЛИМАИ РУСИЮ АНГЛИСӢ ВА ДУ ҒАЗАЛРО АЗ БАР МЕКУНАНД

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хабар дод, ки бо мақсади дастгирии донишҷӯёне, ки тариқи шартномавӣ дар ин мактаби олӣ  таҳсил доранд, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил менамоянд, аз ҷониби ректори Донишгоҳ  Аҳлиддин Ибодуллозода тасмим гирифта шуд, ки вобаста ба натиҷаи фаъолият ва кӯшишу талошашон дар таҳсил аз ҷониби раёсати муассисаи таълимӣ ба онҳо имтиёз дода шавад.

“Бо пешниҳоди ректори Донишгоҳ донишҷӯёне, ки дар давоми рӯзҳои 4-юм то 15-уми ноябр 400 вожаи пешниҳодшудаи забонҳои русӣ ва англисиро ба иловаи 2 ғазал аз осори шоирони классику муосири тоҷик азбар менамоянд, аз пардохти 10-20%-и маблағи шартномаи таҳсил озод карда мешаванд”, гуфта мешавад дар хабаре, ки Донишгоҳи омӯзгорӣ дар сомонаи расмиаш нашр кардааст.

Донишгоҳи омӯзгорӣ ин иқдомро ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва Рӯзи президент, ки 16 ноябр таҷлил мешавад, эълон кардааст. Донишгоҳ тавзеҳ додааст, ки дар ин ҳолат маблағи имтиёзи муқарраршуда ба донишҷӯёне, ки то имрӯз маблағи шартномаи таҳсилро алакай пурра пардохт намудаанд, аз суратҳисоби Донишгоҳ баргардонида мешавад.  Вале донишҷӯёне, ки дар доираи ихтисосҳои забони англисӣ таҳсил мекунанд, бино бар соҳиби тахассус буданашон аз ҳаққӣ довталабӣ барои ин имтиёз истисно мебошанд.

Аҳлиддин Ибодуллозода 38 сол ва 4 фарзанд дошта, доктори илмҳои таърих мебошад. Ӯ соли 2007 Донишгоҳи омӯзгориро хатм карда, моҳи июни соли 2022 ректори ин донишгоҳ таъйин шуд. Аз ин пеш Ибодуллозода раҳбари Осорхонаи миллии Тоҷикистон буд.

Тавре қаблан хабар дода будем, бар асоси фармоиши вазири маориф ва илм аз 13.09.2022, №1337 омӯзиш ва азёд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11), устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ҳатмӣ эълон гардида, муҳлати ниҳоӣ барои азёд кардани луғати иборат аз 400 калимаи аз ҳама серистифодаи ин забонҳо то 31 декабри соли 2022 муқаррар карда шудааст.

Вазорати маориф гуфт, дар замони муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз муҳимтарин омилҳо барои фаро гирифтани дониш, хабару иттилоот ва навигариҳои илмию фаннӣ ба шумор рафта, барои боз ҳам бештар барқарор кардани иртиботҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ бо кишварҳои дигар мусоидат менамояд.

Ин ниҳод ёдовар шудааст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханрониҳояш доим омӯзиш ва донистани забонҳои хориҷиро барои насли ояндасози кишвар зарур медонад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз 30 августи соли 2019, таҳти №438 “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”ро қабул карда буд, ки дар он он масъалаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ дар мактабҳои ҷумҳурӣ таъкид шуда буд.

Вазорати маориф ва илм гуфт, ба ин далел дастури раҳнамои “Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ”-ро омода кардааст ва донистани ин 400 вожаро барои тамоми омўзгорону хонандагон ва донишҷӯён ҳатмӣ эълон мекунад. Гуфта мешавад, ин луғат 400 вожаи серистеъмолеро дар бар гирифтааст, ки онҳо дар зиндагии рӯзмарра бо забони модарӣ пайваста мавриди истифода қарор мегиранд ва маънои онҳо маълуму фаҳмо аст.

“Ҳамзамон, донистани ин калимаҳо маҳорату малакаи забономӯзиро ташаккул дода, зимни азёд кардани вожаҳо шавқу рағбат барои донистани забонҳои русию англисӣ боз ҳам афзунтар мегардад. Яъне луғати мазкур чун як раҳнамо хидмат хоҳад кард”, гуфта мешавад дар пешсухани вазорати маориф ба  ин дастур.

Шакли электронии ин луғат дар сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сомонаҳои муассисаҳои зерсохтори он ҷо карда шудааст.

ЛУҒАТИ ВОЖАҲОИ СЕРИСТЕЪМОЛИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ, РУСӢ ВА АНГЛИСӢ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button