ВарзишВидео

ҲАЛОЛАТ БОД! ТЕМУР РАҲИМОВ СОҲИБИ МЕДАЛИ ТИЛЛОИ “ГРАНД СЛАМИ БОКУ” ШУД (ВИДЕО)

Паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов рӯзи 6 ноябри соли 2022 дар мусобиқаи гуштини дзюдо “Гранд Слами Боку” дар вазни беш аз 100 кило сазовори ҷои аввал ва нишони тилло шуд. Ин аввалин медали тиллои гуштингирони тоҷик ба намояндагӣ аз Тоҷикистон дар мусобиқаи дзюдо аз силсилаи “Гранд Слам” аст. Қаблан  паҳлавони тоҷик Маҳмадбек Маҳмадбеков дар солҳои 2021 ва 2022 се маротиба сазовори медалҳои тилло дар мусобиқаҳои “Гранд Слам” шуда буд, вале ӯ ба фарқ аз амакбачааш Сомон Маҳмадбеков дар ҳайъати тими Русия ҳунарнамоӣ мекунад.

Темур Раҳимов дар роҳ ба сӯи нишони тиллои “Гранд Слами Боку” аввал Серафим Компаниез аз Исроил, сипас  Саба Инанейшвили аз Гурҷистон  ва дар дар даври ниманиҳоӣ муқобили Мартти Пуумалайнен аз Финландияро шикаст дода, дар набарди ниҳоӣ паҳлавони 23сола аз Ӯзбекистон Алишер Юсуповро ҳам мағлуб сохт.  Дар ин набард Темур Раҳимов рақиби ӯзбекистониашро бо чунон ҳалуки зебо пушт ба замин кард, ки ҳатто шореҳи “ТВ Варзиш” нидо дод, ки “Ҳалолат бод!”

Мутаассифона, рӯзи 6 ноябр, дар рӯзи охирини “Гранд Слами Боку” бахт ба рӯи дигар паҳлавонони тоҷик омад накард. Эмомризо Анварзода, Раҳматулло Мирзоев дар вазни то 100 кило ва  Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило ноком шуданд.

Тоҷикистонро дар Боку 12 паҳлавон намояндагӣ мекарданд. Аз ин шумор танҳо 2 нафар соҳиби медал шуданд. Темур Раҳимов, тавре гуфтем, соҳиби медали тилло шуд ва Мулораҷаб Халифаев  рӯзи 4 ноября дар вазни -66кг ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид.

Ин алакай чорумин медали Темур Раҳимов дар мусобиқаҳои Гранд Слам дар соли 2022 мебошад.  Темур Раҳимов рӯзи 23 октябр дар мусобиқаи гуштини дзюдо “Гранд Слами Абу Забӣ” медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Аз он қабл ӯ дар Гранд Слами Тел-Авив ва Гранд Слами Анталия низ медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ҳамчунин, имсол дар чемпионати ҷаҳонии дзюдо ҷои панҷум, дар Чемпионати Осиё ҷои дуюмро сазовор гардид ва феълан дар радабандии ҷаҳонии дзюдо дар вазни беш аз 100 кг дар зинаи аввал қарор дорад.
Сайри ҷаҳонии дзюдо соли 2022 бо Гранд Слами Токио (3-4 декабр) идома ёфта, бо мусобиқаҳои ситораҳои дзюдо дар Йерусалим (Байтулмуқаддас, 20-22 декабр) ба анҷом мерасад.

Темур Раҳимов, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, 8 июли соли 1997 дар ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шудааст. Аз хурдсолӣ, яъне шашсолагӣ ба тамрини гуштин оғоз кардаст. Худаш мегӯяд: «Хеле хурд будам, ки бобоям Рустам Абдураҳмонов маро барои тамрин ташвиқ кард. Ӯ дар ташаккули маснади варзишии ман саҳми зиёд дорад».

Темур Раҳимов дар раддаи паҳлавонҳои хушном ва серҷоизаи тоҷик дохил шуда, тайи солҳои охир дар чандин мусобиқоти байналмилалӣ соҳиби медал шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button