ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СЕЛ ДАР ДАРВОЗУ ҲАКИМӢ ВА ЛАБИҶАР ВА ЯРЧ ДАР РОҒУН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки тавре ҳам ки пешбинӣ карда буданд, субҳи 4 ноябри соли 2022 дар чанд қисмати ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Дарвозу Нурободу Лабиҷар сел роҳҳоро баст ва дар деҳаи Мирзо дар канори Роғун як теппа ба болои деҳаи Мирзо сарозер шуда, ду хонаро қисман вайрон кардааст.

Бино ба иттилои КҲФ, субҳи 4 ноябр дар километрҳои 351-ум ва 355-уми роҳи Душанбе- Кӯлоб -Дарвоз  бар асари боришоти шадид сел омада, роҳро баст. Гуфта мешавад, роҳро алакай тоза карда ва ҳаракати нақлиётро барқарор кардаанд.

Журналисти тоҷик Хилватшоҳи Маҳмуд бо нашри як видео хабар дод, ки сел дар наздикии деҳаи Даштаки ноҳияи Дарвоз ҳаракати нақлиётро масдуд кардааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин хабар дод, ки дар ҳудуди деҳаи Мирзои ҷамоати Оби Гарм дар канори шаҳри Роғун як теппа болои деҳа сарозер шуда, ду хонаро қисман вайрон кардааст. Ба хотири ҷилавгирӣ аз паёмадҳои нохуштар сокинонро ба макони амн кӯчондаанд. Рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Мирзо идома дорад.

Ҳамчунин бар асари боришот дар километрҳои 83 ва 85 дар роҳи Душанбе—Ваҳдат – Рашт низ санг рехта, сабаби муваққатан масдуд шудани роҳ шудааст. Рафъи оқибатҳои ин офат бо ҷалби техникаи махсус аз хадамоти роҳсозии шаҳри Роғун идома дорад.

Дар километрҳои 94-95-и роҳи Ваҳдат – Рашт – Лахш  дар мавзеи Кумакии ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод низ сел омада, сабаби бастани ин қитъаи роҳ шудааст.

Ҳамчунин аз километри 2-юм то 46-уми роҳи Лабиҷар – маркази ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) дар пайи боришоти беист лою санги зиёд ба рӯи роҳ фурӯ рехта, роҳро баст. Рафъи оқибатҳои офати табиӣ аз ҷониби кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва роҳсозии ноҳияи Сангвор идома дорад.

Хушбахтона, дар ин офатҳои табиӣ касе осеб надидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қаблан хабар дода буд, ки рӯзҳои 4-5 ноябр ҳаво дар кишвар номусоид шуда, дар ноҳияи Дарвоз ва ноҳияҳои кӯҳистон ва кӯҳдомани тобеи марказ ва вилояти Хатлон метавонад селу сангрез биояд. Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, боришоти шадид дар ҷумҳурӣ дастикам то поёни ҳафтаи равон идома хоҳад ёфт ва хатари боло рафтани сатҳи оби дарёҳо ва селу сангрез баланд боқӣ мемонад.

Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон ва меҳмонони кишвар хост, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро бо роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд кунанд. Рафтан ба саҳрову доманакӯҳҳо барои чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, анҷоми корҳои кишоварзӣ, шикор, моҳидорӣ  низ маслиҳат дода намешавад.

Кумита ҳамчунин аз ронандагон хост, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҳама қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.  Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хостааст, ки барои пешгирӣ аз вуруди сел ба ҳавливу киштзорҳо  сари вақт селроҳаҳо ва ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button