Хабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 740 ҲАЗОР СОМОНӢ ВА ДУЗДИИ ДУ САР ГОВ ДАР НОҲИЯИ РАСУЛОВ

Сокини 44-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки моҳҳои ноябр ва декабри соли 2020 аз ду сокини пойтахт дар умум қариб 740 ҳазор сомонӣ пул гирифта, инак ду сол боз онҳоро фиреб дода гаштааст.

хххххххххххх

Сокини 31-солаи ноҳияи Ҷ.Расулов ба он айбдор мешавад, ки шаби 21 октябр, тахминан соати 21:00, аз ҳавлии  як сокини ҳамин ношия ду сар чорвои калонро дуздида, ба соҳибхона 25 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 04.11.2022

Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ

009

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 27-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2020, марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 356 ҳазору 500 сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 1-моҳ онҳоро бармегардонад, аммо номбурда ваъдаашро иҷро накарда то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, номбурда моҳи декабри соли 2020 ба боварии марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 402 ҳазору 500 сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 6-моҳ бармегардонад, аммо номбурда ваъдаашро иҷро накарда, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани ҳолати дуздӣ

048

Нисбати марди 31-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷинояти Ҷуҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд, ки ӯ 21-уми октябри соли 2022, тахминан соати 21:00, аз ҳавлии истиқоматии марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур 2-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button